Таъсиси ҷоизаи Соҳиб Табаров дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон бо мақсади ҳавасмандсозии адибон ва муҳаққиқон ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд.

Таъсиси ин ҷоиза дар пуштибонӣ аз фарҳанги қадима, боло бурдани сатҳи ғоявию бадеӣ ва тарғиби адабиёти пурғановати миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон гуфт, мақсад аз таъсис додани ҷоиза ин тарғиби адабиёти пурғановати миллӣ, пуштибонӣ аз фарҳанги ҳазорсола ва ҳавасмандсозии адибон ва муҳаққиқони соҳаи адабиёт мебошад.

Ӯ мегӯяд, ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ (барои олимону мунаққидон) бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №50 таъсис дода шудаст. Ҷоизаи муқарраршуда ба офарандагони таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик, якҷоя бо озмуни вилоятии эҷодии «Неруи сухан» ва Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин тақдим карда мешавад.

Барандаи ин ҷоиза бо Диплом ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ хоҳад шуд. Тибқи низомнома олимони адабиётшинос ва мунаққидоне, ки дар муассисаҳои илмию таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолият доранд, муаллифи алоҳида ё гурӯҳи муаллифон, Раёсати иттифоқҳои эҷодӣ, Шӯроҳои бадеӣ, Шӯроҳои илмии донишкада ва донишгоҳ, муассисаҳои илмӣ, идораи маҷаллаву рӯзномаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон ҳуқуқ доранд асарҳояшонро пешниҳод намоянд.

Машраб Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *