Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қурбоналӣ Абдуллоев аз бистари COVID-19 бархест

Вазъи саломатии Қурбоналӣ Абдуллоев, сарояндаи саршиноси тоҷик, ки ду моҳ инҷониб аз бемории коронавирус ранҷ мебарад, беҳтар шудааст. Дар ин бора яке аз наздикони ин ҳунарманди маҳбуб ба сомонаи  Pressa.tj хабар дода афзуд, ки ӯ дар бемористони сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт бистарист.

Аслан хабари бемор будани Қурбоналӣ Абдуллоев ду ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд. Аз ҷумла Шоираи Раҳимҷон дар саҳифаи фейсбукиаш бо таманнои шифо ёфтани Қурбоналӣ Абдуллоев дуо карда, ҳамчунин ба табибоне, ки ба ин ҳунарманд кумак кардаанд, изҳори сипос намудааст:

“Қурбоналӣ Абдуллоев,  ҳунарманди нотакрору дӯстдоштанӣ дар панҷаи беамони Ковиди лаънатӣ, бо марг дастбагиребон буд. Бештар аз як моҳ аст,   ин вабои хонасӯхта раҳояш намекунад. Шукронаи Худованд, ки аз зери дастгоҳи нафасдиҳӣ (ИВЛ) зинда раҳо шуд. Худоро шукр. Сипос аз пизишкони бемористони сироятии кишвар, аз сардухтур  Хуршед Ҳабибов, ки барои наҷоти Қурбон Абдулло талош карданд. Хабари рӯ ба беҳбудӣ овардани саломатии акаи Қурбоналӣ хушбахтмон кард. Шифои комил, бародарҷон!”

Чанд нафари дигар низ ба Қурбоналӣ Абдуллоев таманнои шифоёбӣ кардаанд.

Акаи Қурбоналӣ азоби зиёд кашиданд. Қариб ду моҳ мешавад, ки дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ ҳастанд. Ду-се рӯз мешавад, ки саломатии акаи Қурбоналӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ҳолаташ хеле вазнин буд, умедамон кам монда буд. Бархе гуфтанд, ки ӯро бо дастгоҳҳои тиббӣ ба хонааш мебарем. Вале боз интизор шудем, ки каме беҳтар шавад. Бо тавсияи дӯстон дуохонӣ ҳам кардем. Шукр, хеле беҳбудӣ ҳаст”,- гуфтааст аз наздикони Қурбоналӣ Абдуллоев дар суҳбат бо «Оила».

Ҳунарманди маҳбуб солҳои дароз дар ансабли «Дарё» фаъолият мекард ва баҳори соли гузашта аз саҳна канор рафт.

Санаи 12 майи соли ҷорӣ  Қурбоналӣ Абдуллоев дар саҳифаи фейсбукиаш аз хотимаи фаъолияти ҳунарӣ ва тарки саҳнаи тоҷик  карданаш хабар дода буд: “Бисмиллоҳир — раҳмонир — раҳим. Имруз, 12 майи соли 2020, банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Аз ҳамаи азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам, бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи магфират маро мебахшед. Боқӣ АЛЛОҲ нигоҳбонатон, ОМИН”.

Қурбоналӣ Абдуллоев хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Қурбоналиро дар байни мардум бо сурудҳои: «Занги телефон», «Алвидоъ», «Қишлоқаки ман», «Модар», «Куҷо меравӣ азизам» ва «Хаёли хом», ки бо сароянда Лола Азизова месарояд, мешиносанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.