Ҷои якуми “Автобус”-и Абдулҳай Зокиров дар “Ҷашнвораи байналмиллаии филмҳои мусалмонӣ”

Филми “Автобус”-и коргардони тоҷик Абдулҳай Зокиров дар “Ҷашнвораи байналмиллаии филмҳои мусалмонӣ”, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Руссия баргузор гашт, бо дипломи дараҷаи аввал сарфароз гардид.

Ҳамчунин, филми “Дар баландии парвоз”-и коргардон Акмал Восидӣ бо ҷоизаи махсуси ин ҷашнвора мукофотонида шуд.

Ёдрас мешавем, ки ба “Ҷашнвораи байналмиллаии филмҳои мусалмонӣ” 629 филм аз 63 кишвари олам пешниҳод гардида, танҳо 52 филм ҳуқуқи иштирокро пайдо карданд.

Кишвари моро 3 филми коргардонҳои ҷавон намояндагӣ мекард.
Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *