АФИША: Нахустнамоиши “Гамлет” дар театри Маяковский

Санаи 7 декабр, соати 14:00 нахустнамоиши спектакли “Гамлет”-и Театри русӣ-драмавии ба номи Владимир Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Чун театри мазкур бино надорад, намоиш дар ошёнаи 3-юми театри Лоҳутӣ пешкаши тамошобин хоҳад шуд.

“Гамлет” фоҷеаи бемисли драматурги инглис Виллиам Шекспир буда, онро саррежиссёри театр Баҳодур Миралибеков рӯйи саҳна овардааст. Нақши “Гамлет”-ро ҳунарпешаи театр Хуршед Мустафоев иҷро мекунад. Ҳамчунин ӯ ба сифати ёвари режиссёр, ороишгари либос ва мусиқӣ дар ин намоиш саҳм гирифтааст.

Аъзои шӯрои бадеии назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, театршинос Муҳаммадулло Табарӣ, ки дар рӯзи қабули намоиш ширкат дошт “Гамлет”-ро яке аз корҳои барҷастаи режиссёр Баҳодур Миралибеков арзёбӣ мекунад:

“Дар 1 соату 40 дақиқа режиссёр тавониста, ки бо шеваи ҷадид, ба суоли асосии Шекспир – “Быть или не быть” посух ҷӯяд. Ҳоло нахустнамоиш нашудааст, вале бовар дорам, ки тамошобинро як спектакли диданӣ ва андешиданӣ интизор аст.”

Аз театр ба tajikistantimes.com гуфтанд, ки “Гамлет” натанҳо санаи 7, балки 8 декабр соати 14:00 ба саҳна гузошта мешавад ва онҳо интизори тамошобин ҳастанд.

Барои банд кардани чипта ба телефони 907617891 занг занед. Нархи чипта 15 сомонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *