«Ман абераи наздикони амири Бухоро ҳастам»

На танҳо духтари вазир, абераи соҳиби муҳри амири Бухоро ҳам ҳастам.

Мусоҳиба бо «Адиби беҳтарини сол»-и Лондон

Нависанда Гулсифат Шаҳидӣ ба навиштани қиссаҳо дер сар кард, вале чӣ тавре дар урфият мегӯянд: «дер ояду шер ояд». Даҳ китоби Гулсифат Шаҳидӣ соҳиби ҳафт ҷоизаи байналмилалӣ шуд. Ҳикояву афсона, қиссаву роман ва очеркҳои адабӣ –  жанрҳоест, ки нависанда ба он даст зада, тавфиқ ёфтааст. Ду маротиба «Адиби беҳтарини сол» дар Лондон,  медали «Кабӯтари сулҳ»-и Созмони адибони Евроосиёӣ, Медали тиллоии беҳтарин адиби Евроосиёӣ дар Москва, дипломҳои «Номи нав дар адабиёти муосир» дар Стокҳолм, Кембриҷ, Лондон, Минск, Москва, Ню Йорк, Тел-Авив ва Санкт-Петербург, подоши заҳматҳояш дар адабиёт мебошад. Имрӯз Гулсифат Шаҳидӣ меҳмони ҳафтаномаи «Тоҷикистон»  аст.

-Китоби шумо «Афсонаҳои Бибиҷони Гулсифат» сазовори Ҷоизаи адабии «Адиби сол»-и озмуни эҷодии  «Hertfordshire Press 2018» дар Британия Кабир гардид. Шуморо бо ин дастовард табрик мегӯям. Нахуст мехостам дар мавриди ин ҷоиза ва чӣ гуна роҳ ёфтани китобатон ба ин озмун чанд ҳарф бигӯед.

-Ман аллакай ҳафт  сол аст, ки китобҳоямро ба озмуни Созмони эҷодии Евроосиёӣ (Лондон) пешниҳод мекунам. Иштирок ва шартҳои ин озмун кушода аст. Созмон ҳадафи тиҷоратӣ надорад, чун ташкилоти ҷамъиятист. Ман хушбахтам, ки фарзандонам дар Лондон зиндагӣ мекунанду наздашон хабаргирӣ меоям, бинобар ин, бароям осон аст, зеро харҷи роҳу ҷои зистам дар дасти худам аст. Бахтам омад кард, ки ман тавонистам дар ин озмунҳо ширкат варзам. Китобҳоямро ба русӣ менависам ва ба англисӣ тарҷума мекунам, узви доварони озмун осонтару зудтар онро хонда, ба асарҳо бахо медиҳанд. Аз Худо ҳазор бор шукр, ки фарзандонам дар ин кор ёварони беминнатам ҳастанд. Ман танҳо эҷод мекунам. Ҷоизае, ки ба он соҳиб шудам, ягона нест, вале бароям хеле азиз аст, зеро барои китоби афсонаҳо соҳиби он шудам.

-Ман бо эҷодиёти шумо чандин сол пеш ошно шуда будам. Ҳикояҳои ҷолибатон дар мавриди сарнавишти тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва паёмадҳои он хеле ҷолибанд. Аммо чӣ шуморо такон дод, ки ба афсонанависӣ машғул шавед?

-Маро чизе такон надод, танҳо хоҳиши набераамро иҷро кардам. Набераам Ғаффорҷон, ки вакти кӯдакиаш барояш афсонаҳои зиёди худам эҷодкардаро накл мекардам, аз ман илтимос кард, ки китоби афсонаҳоямро навишта, чоп кунам. Ин туҳфаест ба зодрӯзи набераи азизам. Ман махсус ба афсонанависӣ нагузаштаам. Вақти навиштани романи «Офтобхон» хаста мешудам ва пас аз навиштани ҳар як боби роман барои истироҳату дилхушӣ яктоӣ афсона менавиштам. Оҳиста-оҳиста афсонаҳо як китоби мукаммал шуд. Фаҳмидам, ки барои дамгириву оромии асаб навиштани афсонахо бароям хуб аст. Танҳо соли гузашта чор китобам аз чоп баромад, ки ин кори хеле зиёд аст. Ман фикр мекунам, ки барои рафъи хастагӣ афсонаҳо ба ман хеле кумак карданд.

-Аз вазъи кунунии адабиёти тоҷик огоҳед? Агар ҳа, онро чӣ гуна  баҳогузорӣ мекунед?

 Огаҳам. Албатта, шоиру нависандагони бузургамонро мутолиа мекунам. Аз  ҷавонтарҳо бошад,  бо эҷодиёти Фарзона, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳим, Диловари Мирзо, Исфандиёри Назар, Мубинҷон  Юсуфӣ, Фирдавси Аъзам, Аниса Собирӣ шиносоӣ дорам. Ҳамаро номбар кардан амри маҳол аст, танҳо гуфтанӣ ҳастам, ки аз ҷараёни адабиёти тоҷик огоҳам. Ба сиёсат коре надорам, танҳо аз маҳорату истеъдодашон ҳарф мезанам. Мо ҷавонони хеле боистеъдод дорем, ки онҳоро бояд дастгирӣ намуд.

-Чӣ бояд кард, ки адабиёти муосири тоҷик ба ҷаҳон роҳ ёбад?

-Роҳи асосӣ – ин тарҷума ва интишори эҷодиёти адибони номиву ҷавони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар аст. Баъдан ҷалби хонандагон ба китобҳои нависандагони ватанӣ.

-Гарчанде шумо бо забони русӣ менависед, аммо меҳвари эҷодиётатонро сарнавишти тоҷикон ташкил медиҳад. «Мавзӯи тоҷикон» (Таджикская тема) барои шумо то чӣ ҳад муҳим аст?

-Китобҳои  ман танҳо дар мавзӯи Тоҷикистону тоҷикистониён аст. Ёди кишвари ормонҳои сабзамро мекунам. Сарзамини кӯҳҳои осмонбӯс ва зебоманзар — Ватани азизамро дӯст медорам. Ҳар як сатрамро ба Ватани азизам бахшидаам. Ният дорам ба наздикӣ Душанберо – шаҳри зеби дунёро  зиёрат кунам.

-Гулсифат Ғаффоровна, шумо духтари вазир ҳастед ва табиист, ки метавонистед, карераи хуби роҳбариву сиёсӣ кунед, аммо адабиётро интихоб кардед. Ин меҳр аз куҷост?

-На  танҳо духтари вазир, абераи соҳиби муҳри амири Бухоро ҳам ҳастам. Ин чиз танҳо шарҳи ҳолам. Ба ҳар мақоме, ки гузаштагонам расиданд, ин танҳо меҳнати ҳаққу ҳалоли онҳост. Вале ин он маъноро надорад, ки фарзандон, албатта, ба мақоми онхо ва ё баландтаре расанд. Тавонанду хоханд – марҳамат. Вале ман ҳеҷ гоҳ дар бораи «карера» фикр намекардам. Аълохон будам, стипендияи ленинӣ мегирифтам, бо дипломи сурх донишгоҳро хатм намудам. Бароям донишу малака ва соҳиби ихтисос шуданам заруртар буд.

-Шумо ҳамсари композитори машҳур Толиб Шаҳидӣ ҳестед. Мехостам дар мавриди ин пайванд ва меваҳои он чанд ҳарф бигӯед.

-Бале, чилу панҷ сол мешавад, ки мо якҷо умр ба сар мебарем. Соҳиби се писар ва даҳ набера ҳастем. Худо ба ман тақдири хубе ато кардааст. Сад шукр! Аз оилаҳои хубем ва оилаи хуби худро ташкил кардем. Албатта, ин кори осон набуд. Пастиву баландии дунё паси ҳамдигаранд. Ҳамаашро бо сарбаландӣ гузаштем ва умед дорам минбаъд ҳам мегузарем.

-Оё эҷодиёти Толиб Зиёдуллоевич ба эҷодиёти шумо ягон таъсир мегузорад?

-Эҷодиёти Толиб Шаҳидӣ ин як ҷаҳони муассирест, ки дарки он на ба ҳама муяссар мешавад. Ҷозибае дорад, ҷозибаи худодод. Ман дар консертҳои бешумори ӯ дар толорҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзидаам ва шукӯҳу таъсирбахшии мусиқиаш маро илҳом бахшид. Фаҳмидам, ки вазифаи асосӣ – ҳамсари дастгиру батоқат ва модари мушфиқро ба ҷо овардаам. Бачаҳоям ба орзуҳояшон расиданд. Ман акнун вақт пайдо кардам, ки худам эҷод кунам. Худоро шукр!

-Нияти нашри китобҳоятонро дар Тоҷикистон доред?

-Бегуфтугӯ, албатта мехохам, ки китобҳоям ба тоҷикӣ чоп шаванд.  Алаккай як китобам – «Шаҳри ормонҳои сабз» дар Тоҷикистон чоп шуд ва дар китобхонаҳо махфуз аст. Ду китоби дигар –«Ҳамсояҳо» ва «Афсонаҳои Бибиҷони Гулсифат» омодаи чопанд. Ҳангоми сафарам ба Душанбе мехоҳам вохӯрие бо хонандагону мухлисонам гузаронам.

Мусоҳиб:

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *