Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Амонулло Қодиров-ҳунарманди театр даргузашт

Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  аз олам даргузашт.  Номбурда 75-сол дошта, то охири умр актёри Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов буд.

Ӯ 10 июни1945 дар Шаҳринав таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) (1965) ва Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро (1971) ба поён расондааст. Дар ҳаҷв доди ҳунарро дода буд. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекард, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд.

Дар филмҳои тоҷикии «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» образҳои дурахшон офаридааст. Дар бисёр саҳнаю намоишномаҳои телевизиони тоҷик нақш офарида, дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ иштирок намудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.