Асосгузори мултфилми тоҷик Мунаввар Мансурхоҷаев даргузашт

Имрӯз дар шаҳри Душанбе саромади филми тасвирии тоҷик Мунаввар Мансурхоҷаев дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон хабар дод.

Мунаввар Мансурхоҷаев асосгузори филми тасвирии тоҷик аст, ки дар даврони шӯравӣ нахустин мултфилм — “Моҳии гулдор” ном дорад. Фаъолияти кории Мансурхоҷаев аз “Тоҷикфилм” оғоз шудааст. Дар суҳбате мегӯяд:

“Аз соли 1967, вақте ба олами синамо ворид шудам, ба ҳайси ёвари коргардони шинохта Борис Кимёгаров фаъолият доштам. Баъдан ба филмҳои ҳуҷҷатӣ шавқ пайдо карда, якчанд мавзӯъро навор гирифтам, ба монанди “Дар кӯҳсор осмон баландтар аст” (“В горах выше небо»), «Даҳмарда» ва боз се-чор филми дигар”.

Баъдан ӯ филмҳои тасвирии “Афсонаи тирамоҳ” (“Легенда осени”), “Гурба чӣ гуна бо мушҳо меҷангид” (“Как кот с мышами воевал”) ва ғайраро ба навор гирифт. Фирлмҳои ӯ ба фестивалҳо роҳ ёфта, сазовори ҷойҳои махсус шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *