Асрори ҳунари Ҷӯрабек. Чанд андеша перомуни пайкори хунёгари бузург

Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии СССР, овозхон, мутриб, оҳангсоз ва яке аз тавонотарин сарояндаҳои классики тоҷик рӯзи 24 декабр ба синни 78 расид.  Матлаби мазкур атрофи кору пайкори ин сарояндаи маҳбуб ва маънисарои тоҷик ҳикоят мекунад.

Шунидани сози хушу овози хуш худ ибодат аст.

Наҷмуддини Кубро

Кору пайкори пурбори эҷодию иҷроӣ ва ҳунарии санъатвари боҳунари мо, Артисти халқии СССР,  барандаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Комсомоли Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, ҷоизадори даҳҳо ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқӣ устод Ҷӯрабек Муродов хеле муассир аст. Махсусан, тарғиби мероси бойи шеъру мусиқиамон дар муҳити худиву ҷаҳонӣ аз ҷониби ин устоди мумтоз сазовори таҳсин аст.

Устод Ҷӯрабек, пеш аз ҳама, ҳунарвари навҷӯ, навсозу навиҷро ва махмалинхону марғулаовоз буда, дар падиди мавзӯъҳои гуногун, ҷустуҷӯҳои ҳунарӣ, нигаҳдошти ифодаҳои рангомези иҷроӣ, рӯи саҳна овардани симои сарояндаи асил, мушкхонии анъаноти овозхонӣ, бо бозтобу такмил, бардошти тозаи эҷодӣ аз сарвати беканору дороии шеърию мусиқӣ ва ҳамсон ба тавонҳои бадеию зебоишиносӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯст.

Ӯ эҷодкору сарояндаи боҳунару фазоянда буда, ба шунаванда талқини дарки маънӣ мекунад ва дар падид овардани сухани ҳамсанг бо оҳанг мекӯшад. Аз ин рӯ, дар ҳунари иҷроии ӯ ифодаҳои муассиру гӯшмони мероси дирӯзу имрӯзи шеърию мусиқии мо бо ифодаю таровишҳои мусиқивор рӯи саҳна меоянд ва ин корҳои ҳунариаш ҳамқадами замон,  ҳамнафасу ҳамрози шунаванда,  созу сурудааш  аз забон бархоста, бар дилҳо нишастаанд.

Устод Ҷӯрабек яке аз чеҳраҳои бисёр ошно дар фазои мусиқиии Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ва фаротар аз он аст. Ӯ тоҷикро  тоҷикона, мардуми фарҳагсозу фарҳанговар муаррфӣ менамояд. Суруду шеваи иҷрои ӯ ҳамсадои дили шунаванда ва ҳамрадифи суннатҳои дерину асилэҷодию асилиҷроии дирӯзу имрӯз аст. Новобаста бо гузашти солҳо, дигаргунии мизону бардоштҳои бадеию зебоишиносӣ, косташавии завқу салиқаи мусиқипазирии ҷомеа ба санъат, чизе санги сари роҳи устоди хунёгар нашуд ва диду бардошти пазирандагону эъзозгарони ҳунарашро ноҷӯр насохт. Аз ин рӯ,  санъату шахсияти ӯ дар фазои иҷроии имрӯзи тоҷик ва Осиёи Марказӣ пазиранда  аст.

Кору пайкораи зиёда аз нимасраи устод Ҷӯрабек ба дилҳо сафою  сурур мебахшад.  Ним сада аст, ки созу овозаш дар фазои шеъру мусиқии тоҷик, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон танинандоз аст. Кори эҷодию иҷроии ӯ дар рӯҳу тавони тоза бахшидани мероси симоҳои барҷастаи мусиқиамон Ҳоҷӣ Абдулазиз (1850-1936), Содирхон (1847-1933) ва дигарон  камназиру шоистаи таҳсин аст. Ӯ ба мероси мусиқии гузаштагон арҷ мегузорад, махсусан ба мероси Ҳоҷӣ Абдулазиз диди нав, рӯҳи нави иҷроӣ зам карда, бо сухани пурбори бадеию зебоишиносии шеърияти классикии тоҷик пайванди нави таърихӣ дод. Ин кори ҳунарии устод Ҷӯрабек дар иртибот ба ду шоҳкории  мусиқии Ҳоҷӣ Абдулазиз «Гулъузорам» (матни ҳамсону ҳамвазни тоҷикӣ ба ғазали Шоҳпури Нишопурӣ), «Бозургонӣ»( бо ғазали ноби Саъдии Шерозӣ бо ҳамдастии устод Лоиқ) боҳунарона аст .Кори эҷодию иҷроии устод Ҷӯрабек парвардаи фазо ва замони муайян буда, ва дар ин масир аз ҷониби мардум ҳамеша истиқбол шудааст. Асрори  санъати иҷроии устод Ҷӯрабекро бояд  аз даруни он берун кашид ва ҷустуҷӯ намуд. Лаҳни  иҷроии ӯ мисли забони мо абиру рангомез ва гӯшнавоз аст.

Кори ҳунарии устод Ҷӯрабек дар рӯи саҳна овардани осори мусиқии мардумӣ ҳама бо тозаҳунариҳои эҷодию иҷроӣ корбастнамудааш намунаи хубу ҳунармандона буда ва намунаи ин коркардҳои иҷроии фардии ӯро метавон дар мисоли сурудҳои ӯзбекии  «Фирӯз»,  «Кошлари қаламлар», «Тоҷику ӯзбек», «Фарғона  тонг отгунча», «Бормайман деди» ва амсоли ин натиҷагирӣ намуд.

Устод Ҷӯрабек дар марҳалаи барои таърих  на чандон тӯлонӣ тавонист дар фазои эҷоду иҷроии фазоянда растагориҳои ҳунариро рӯи саҳна оварад ва дар олами зебоиофаринӣ муваффақ ҳам шудааст.  Аз ин рӯ, суруд ва санъати махмалини иҷроии ӯ зеби саҳнаҳои бузурги ватанию хориҷӣ , ҳамнафаси ҳар хонадон гардидааст. Ҳунари дилнавоз ва рӯҳпарвараш дунёи зебоиманишии мардумро шоду рангомез намуда,   шахсияту санъати  иҷроияш дар  таърихи фарҳанги мусиқии садаи ХХ ва оғози садаи ХХ1 тоҷик , Осиёи Марказӣ хориқаи пазирои  ҳунарист.

Ин ғазали тозаёфташудаи аллома Аҳмад Махдуми Дониш чун дастагул ба зодрӯзи устоди бузург эҳдо мешавад.

Дар айёми ғаму андуҳ бо ман ёр, танбӯр аст,

Чунон дар кунҷи узлатхона, бо ман ёр, танбӯр аст.

Ба гулзори  хаёли  оламорои парирӯён,

Мисоли андалеби  масти хушгуфтор, танбӯр аст.

Кунад равшан мисоли шамъ ҳар шаб хонаи дилро,

Ки гӯё мардуми решдилафкор,  танбӯр аст.

Ба гулшан гар дароӣ, шабнами гулро тамошо кун,

Ба сад оҳу фиғон шаб то саҳар  бедор, танбӯр аст

Ба гул булбул занад сад нағма  ё Раб дар ин маҳфил,
Ба дасти ошиқон гулдастаи панҷтор, танбӯр аст.

На дам гардад зи исён то занад  нохун ба се тораш,
Садо хезад зи ҳар бандаш ки файзосор, танбӯр аст.

Аскаралӣ РАҶАБОВ, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *