«Avengers: Endgame» 1 миллиарду 200 миллион доллар ҷамъ овард

Филми мазкур дар нахустин рӯзҳои фурӯшаш 1 миллиарду 200 миллион доллар ҷамъ овард, хабар медиҳад нашрияи Walt Disney, ки ҳаққи фурӯши ин филмро дорад.

Филми «Интиқомҷӯён: Поёни бозӣ» (Avengers: Endgame) — чаҳорумин ва охирин силсилафилми «интиқомҷӯён»-и абарқаҳрамонони дунёи Marvel аст, ки дар нахустин рӯзҳои ба фурӯш баромаданаш рекорд гузошт.

Филми мазкур дар нахустин рӯзҳои фурӯшаш 1 миллиарду 200 миллион доллар ҷамъ овард, хабар медиҳад нашрияи Walt Disney, ки ҳаққи фурӯши ин филмро дорад.

Дар ИМА ва Канада «Интиқомҷӯён: Поёни бозӣ» 350 миллион ва дар Чин 330 миллион доллар ҷамъ кард.

Бино ба пешгӯии Bloomberg, филми мазкур эҳтимол дорад, бештар аз 2,5 миллиард доллар ҷамъ оварад. Даҳ соли пеш филми «Аватар» бештар аз 2 миллиарду 700 миллион доллар аз ҳисоби фурӯшаш ҷамъ карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *