Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Баргузории ҷашнвораи синамои тоҷик дар шаҳри Новосибирски ФР

Ин чорабинии фарҳангӣ ба 30-юмин солгарди истиқлол бахшида шудааст
Мақомоти шаҳри Новосибирск аз баргузории ҷашнвораи синамои тоҷик хабар доданд.
Дар ин бора торномаи Тайга.кино навишта, афздуааст, ки чорабинӣ ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ гузаронида мешавад.
Филмҳои коргардонони тоҷик аз 23 август то 26 -уми ҳамин моҳ дар кинотеатри “Победа” ба намоиш гузошта мешавад.

Интизор меравад, ки дар ин ҷашнвора филмҳои коргардонони тоҷик дар мавзуъҳои ишқу муҳаббат, зиндагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдавкӣ ва Душанбеи муосир ба намоиш гузошта мешаванд.
Ҷашнвора бо намоиши филми классикии Рафаил Перелштейн “Ман бо духтаре вохӯрдам”, оғоз мегардад.

Филми “Ман бо духтаре вохӯрдам”, соли 1957 аз ҷониби коргардони шӯравӣ Рафаил Перелштейн таҳия шуда, нахустин филми рангаи истеҳмоли “Тоҷикфилм” мебошад.
Филм дарҳол дар садри намоишҳо қарор гирифт ва суруде, ки дар филм, овозхони озарбойҷонӣ Рашид Бейбутов иҷро кардааст, аз машҳуртарин суруди замонҳо шуд. Матни ин сурудро шоири халқӣ Мирзо Турсунзода навиштааст.
Ҳамчунин тибқи барнома дар ин ҷашнвора филми коргардони тоҷик Борис Кимёгаров “Тақдири шоир” намоиш дода мешавад, ки соли 1959 таҳия шудааст. Ин филм аз ҳаёти фоҷиабори асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қисса мекунад.

Сенарияи ин филмро нависандаи тоҷик Сотим Улуғзода таҳия кардааст, нахустнамоиши он соли 1959 баргузор шуд ва худи ҳамон сол ин филмро дар Маскав нишон доданд.

Ҳамчунин, сокинони Новосибирск метавонанд филми “Духтарони Суғд”-и Муқаддас Маҳмудова – комедияи мусиқавиро тамошо кунанд. Қаҳрамони асосӣ Малика, ҳамлагари марказии дастаи занонаи хоккей дар рӯи сабза мебошад.
Ҷашнвора бо намоиши асари яке аз коргардонҳои муосири тоҷик Носир Саидов “Оинаи беҷило” ба охир мерасад, ки сюжети драмавии он Душанбеи муосирро нишон медиҳад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.