Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Барои муҷассамаи Каримов озмун эълон карда шуд

Раиси ҷумҳури мунтахаби Узбакистон Шавкат Мирзиёев фармон дод, ки ҷиҳати барафрохтани пайкараи президенти авввалини Узбакистон Ислом Каримов сабқати байналмилаӣ эълон шавад.

Матбуоти маҳаллӣ, ки матни фармонро нашр кард, мегӯяд, ки ин санад 2 декабр имзо шудааст. Дар матн омадааст, ки пайкараи Каримов барои гиромидошти хотираи ӯ бунёд мешавад.

Бояд ёдовар шуд,ки Миёнаҳои моҳи сентябр як маcҷиди бостонии тармим шуда ба ифтихори Каримов “Ислом-Ота” номгузорӣ шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.