Бастакори тоҷик барандаи ҷоизаи тиллоии Global Music

Фарангис Нуруллохоҷа оҳангсози машҳури Тоҷикистону Канада, набераи компазитори шинохтаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ва духтари профессор Мунира Шаҳидӣ соҳиби ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» — (Global Music) гардид.  

Фарангис Нуруллохоҷа Ҷоизаи тиллоиро моҳи марти соли 2017 зимни баргузории як зумра консертҳои оркестри ҷаҳонии симфонӣ ба даст овардааст.

«Консертҳои Фарангис Нуруллохоҷа таҳти унвони «Абадияти лаҳза» дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Россия, Шветсия ва Швейтсария мухлисони зиёде пайдо намудаанд ва ин боис гардид, ки муаллиф ба чунин дастовард ноил гардад»,- менависад АМИТ «Ховар»

Моҳи апрели соли равон асари мазкур ба ҳаводорони санъати мусиқии классикии шаҳри Ню-Йорк пешниҳод карда мешавад.

Фарангис Нуруллохоҷа дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, таҳсили худро аввал дар Консерваторияи Шветсия, баъдан дар Амрико ва Франсия идома додааст. Ӯ ҳоло дар Канада, дар шаҳраки назди Монреал зиндагӣ ва фаъолият дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *