Боз як шеър ба муқобили кормандони боздоштшудаи Агентии зиддифасод

Шоири тоҷик Исмоил Зарифӣ дар робита ба боздошти 17 нафар кормандони Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шеъре навиштааст, ки он «Рӯи раҳи худ зи пора гулпӯш кунӣ.» ном дорад.

Ёдовар мешавем, ки боздошти кормандони ин ниҳод бо ҷурми даст доштан ба фасод сарусадои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард ва қаблан шоир, муовини авали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа низ дар муқобили онҳо шеъре гуфта буд.

Инак, матни шеъри Исмоил Зарифӣ:

РӮИ РАҲИ ХУД ЗИ ПОРА ГУЛПӮШ КУНӢ

Шуллукию хуни халқи худ нӯш кунӣ,

Моҳчераи нав ҳар нафас оғӯш кунӣ.

Андешаи мардони муҳоҷират не,

Рӯи раҳи худ зи пора гулпӯш кунӣ.

 

Доме ба раҳи бегунаҳон бинҳодӣ ,

Садҳо дари хонаи тараб бикшодӣ.

Бо «Лексус»- и нав кӯча ба кӯча гаштӣ,

Хуб шуд, ки якбора ба даст афтодӣ.

 

Ту бандаи нафсу пайрави шайтонӣ,

Бадфеълу касифу дур аз имонӣ.

Аз кибр сарат ба осмон бармехӯрд,

Имрӯз кунун зеби дари зиндонӣ.

 

Хуб шуд, ба кунҷи тори зиндон рафтӣ,

Аз доираи оламу имон рафтӣ.

Он доллару тиллои ту кай кор ояд?

Аз дидаву қалби поки инсон рафтӣ.

 

Аз меҳнати дигарон таманно кардӣ,

Бо пора ту кори тоза пайдо кардӣ.

Имрӯз зи нафси бетагат, эй малъун,

Худро ба қафас чу мурғаке ҷо кардӣ.

 

Гар духтари ту муди Ҷопон мепӯшид,

Ҳар субҳ занат зи мурғ шир меҷӯшид.

Бигрифтӣ зи камбағал ту нони даҳанаш,

Теғи ситамат ҳамеша хун менӯшид.

 

Кардӣ ту гумон, ки қутби даврон ҳастӣ,

Бо мардуми бечора даме наншастӣ.

Ҳаргиз нарасидӣ ту ба қадри ваҳдат,

Хуб шуд ба муҷримон кунун пайвастӣ.

 

Бар чашми ҳама халӣ, ту мушти хорӣ,

Бар миллати хеш шахси нодаркорӣ.

Рафтӣ ту ба кунҷи маҳбасу пайвастӣ,

Бо қотилу дузду нокасу безорӣ.

 

Кори ту, ки буд ба об гиломезӣ,

Бояд, ки ба хештан кунун бистезӣ.

Андеша макун, ки меравӣ ҷои дигар,

Аз панҷаи қонун ба куҷо бигрезӣ?

 

Бе дарди миён ту тарҳ андохтаӣ,

Сад қаср ба ворисони худ сохтаӣ.

Омад хабарам, ки оқибат , эй нокас,

Дороии худ ба як нафас бохтаӣ.

 

Гуфтӣ, ки ту, эй табиб, аз нодонӣ,

Бигрифтӣ зи бемор чаро сомонӣ?

Зуд ор ҳазор доллари нақд маро,

То ки нашавӣ, азизи ман, зиндонӣ.

 

Устоди гиромиям, чӣ фандам додӣ,

«Ришва маситон» гуфтию пандам додӣ.

Аз панди ту киссаам намегардад пур,

Заҳри аҷабе ба ҷои қандам додӣ.

 

Дар дашти пур аз санг дигар дона макор,

Бо дасти дигарҳо ту сари хеш махор.

Гар хоҳӣ дили чу санги ман об кунӣ,

Бар хонаи ман ту доллари нақд биёр.

 

Дар кӯчаю паскӯча ту пайдо гаштӣ,

Аз молу маноли халқ доро гаштӣ.

Аз моли ҳаром бас таманно кардӣ,

Хуб шуд, ки пеши халқ расво гаштӣ.

 

Кардӣ ту хиёнат ба шири модари худ,

Бигрифтӣ ҳақи додару ҳам хоҳари худ.

Чанде ту будӣ хоҷаю чокар ҳама кас,

Хуб шуд, ки гаштаӣ кунун чокари худ.

 

Аз кори ту «отаат» аҷаб гашт малул,

Дуздии туро намекунад ҳеҷ қабул.

Афтодӣ ба дасту сӯи зиндон рафтӣ,

Хобӣ ту кунун ба ҳасрати дастаи пул.

 

Дар доми сақили нафси шум афтодӣ

Роҳи наве дар мулки куҳан накшодӣ.

Аз тангаи охирини тифлони ятим,

Ҳай ханда задӣ, ба хештан болидӣ.

 

Имрӯз ту бо шикаст рӯёрӯӣ,

Як ҷодаи офият ба худ меҷӯӣ.

Рухсораи худро ба арақ тар карда,

Дар кунҷи қафас гуноҳи худ мешӯӣ.

 

Афсӯс, ки панди Рӯдакӣ нашнидӣ,

Ҳар ҷо, ки расидӣ, гули пора чидӣ.

Бо дода қаноат нанамудӣ ҳаргиз,

Дар доми балои нафси худ печидӣ.

 

Осуда бихоб, хоби нозат табрик,

Дар кунҷи қафас боби ниёзат табрик.

Аз кӯчаи нокасӣ басе бигзаштӣ,

Тай кардани ин роҳи дарозат табрик.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *