Донишҷӯ: Чӣ тавр ба театр рафтам?

ХИҶОЛАТ

Рӯзе ҳамроҳи ҳамкурсонам ба дидорбинии профессор Иброҳим Усмонов рафтем. Устод моро хуб қабул карда, бо ҳар кадоми мо алоҳида шинос шуданд. Дар аснои суҳбат аз ман пурсиданд, ки оё ба театр меравам ё не. Ман аз саволи устод дар хиҷолат мондам… 

Он кас боз аз ман суол карданд, ки бори охир ба кадом намоишнома рафта будам. Аз ин савол ташвиши ман бештар шуд. Баъдан, гуфтам, ки бори охир ба намоишномаи «Хайр ва шар» рафта будам. Устод пурсиданд, ки  «намоиши кӯдакона аст?». Бо аломати  тасдиқ сар ҷунбондам.

Дар ҳақиқат, он намоиши кӯдаконае буд, ки дар замони синфи 11 хонданам устоде бемор шуда буд ва масъулияти ба театр бурдан ва овардани хонандагони синфи 3-юм ба уҳдаи ман гузошта шуд. Ҳамин тавр, ман он намоишномаро дидам.

Баъди аз назди устод Иброҳим Усмонов баргаштан ба худ қавл додам, ки дар наздиктарин фурсат ба театр меравам.

ОГАҲӢ

Чанд рӯз пеш аз баргузории нахустнамоиши «Фарёди ишқ» эълонашро дар саҳифаи фейсбукии яке аз дӯстони маҷозиям дучор шудам. Зуд онро ба дигар дӯстонам фиристодам ва ҳамаро ба қавле аз номи худ даъват намудам.

Дӯстонамро намедонам, вале ман то рӯзи баргузории намоишномаи «Фарёди ишқ» бисёр ҳаяҷон доштам ва ҳамеша ёдовар мешудам, ки рӯзи 30-юми январ ба тамошои ин намоишнома меравем…

ВАЗИР МЕОЯД!

Хулоса, бо ҳамкурсон дар рӯзи таъиншуда ба Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рафтем.  Саҳни театр пур аз тамошобин буд. Ба шурӯъ шудани намоиш вақти кам монда бошад ҳам, касе ба дохил намедаромад. Аниқтараш иҷозат намедоданд. Танҳо меҳмонони олиқадр ворид мешуданд. Аз рӯи мушоҳидаи ман, ин ҳолат аллакай бисёриҳоро озурда кард. Ногоҳ як зане, ки дар назди дар меистоду одамонро иҷозати даромадан намедод, бо садои баланд гуфт: “Ҳоли истен, меҳмонон дароян, баъд шумо медароен. Вазир меояд — еее».

Ҷамъомадагон гӯё сабаби дар берун монданашонро фаҳмида бошанд, ором гирифтанд ва дар ду тарафи роҳи даромадгоҳ истода, миёнаи роҳро кушода гузоштанд…

ОҒОЗ

Билохира иҷозат шуду мо ба дарун даромадем. Зуд дар қатори наздик ба саҳна нишастем. Толор дар як миҷа задан аз тамошобин пур шуд. Соати саршавии намоишнома расида бошад ҳам, вале намоиш оғоз намешуд. Ман бесаброна интизорӣ мекашидам. Бештар аз даҳ дақиқа гузашту саркоргардони театр Қамариддин Мирзо ба саҳна баромада, намоишномаро муаррифӣ карданд. Намоиш оғоз шуд.

НАМОИШ

Ҳунармандон чунон ба нақшҳо дода шуданд, ки инсонро ба ваҷд меовард. Махсусан, офарандагони нақшҳои ошиқон — Дувалронӣ ва Хизрхон. Онҳо тавонистанд дар чашмони худ шуълаи ишқи воқеиро нишон диҳанд. Намоишнома  мардумро ба адолат, рафоқат, садоқат, бародарӣ, муҳаббат ва дӯстии халқҳо даъват менамуд. Ҳунари ҳар як ҳунарманд дар саҳна шоистаи таҳсин буд.

АНҶОМ

Баробари анҷоми намоишнома тамоми тамошобинон аз ҷой хеста бе ист кафкӯбӣ мекарданд. Авҷи қарсакҳо ва ҳуштаккашиҳо торафт баландтар мешуд. Мухлисон ба  ҳунармандон гулдаста тақдим мекарданд. Афсӯс мехӯрдам,  ки чаро мо ҳам гулдаста наовардем. Ман бошам, бисёр шод будам ва мехостам баъд аз театр ба назди устод Иброҳим Усмонов рафта, дар бораи намоиш нақл кунем. Не, беҳтараш ба кулли дунё фарёд бизанам, ки МАН БА ТЕАТР РАФТАМ…

Ҷовидон Раҳмоналиев, донишҷӯи курси сеюми ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *