Чаро Хуршеди Алидод тарки Афғонистон карда, Тоҷикистонро Ватан интихоб кард?

ДАР БА ДАР ДАР ДИЁРИ БЕГОНА…
Санаи 19 май, дар шаҳри Душанбе, мутриб ва муғаннии маъруфи тоҷик, Хуршеди Алидод, ки 60 сол пеш тарки Афғонистон карда, Тоҷикистонро ватани худ интихоб намуд, дар синни 84 солагӣ аз олам даргузашт. Номбурда, бо шеваи хоси сарояндагиву навозандагӣ миёни мухлисони мусиқии асил маъруфият дошт.

ДАРИЧАИ ОШНОӢ

…Бо Мири Мафтун, сарояндаи маъруфи Афғонистон, ки зодаи Бадахшони он сӯйи Омуст ва аҷдодонаш аз Кӯлоби Тоҷикистон аст, ҳамсуҳбат шудам ва дар мавриди шиносоиаш бо санъати тоҷик пурсидам. Ӯ гуфт, ки аз наврасӣ бо мусиқии Тоҷикистон ошноӣ дошт ва ҳунари Ҷурбаек Муродов, Одина Ҳошим, Зафар Нозим ва чанд нафари дигарро меписандад. Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки тариқи радио садои Хуршеди Алидодро шунида мафтун мешуд, зеро ӯ мусиқии ба дилаш наздикро иҷро мекард. Чун ин суҳбат чоп шуд, як рӯз баъд телефони идора занг зад. Гӯширо гирифтам:
-Ба ман Одил Нозир даркор.
Гӯё марди бадахшонӣ ҳарф мезад ва чун фаҳмид, ки ман оне ҳастам, ки меҷӯяд, худро муаррифӣ кард:
-Ман Алидодов, Хуршеди Алидод. Суҳбататонро бо Мири Мафтун хондам, раҳмат, ки маро ёд кардед…
Баробари шунидани ин ном ба ёдам, чеҳраи ҳунарманде омад, ки тори афғонӣ ё бадахшӣ дар даст бо дард суруди ғарибӣ мехонад:

Дар ба дар дар диёри бегона,
Дурӣ аз қавми хешу кошона…

Ман ҳамеша садои ин ҳунармандро, ки ба ҳеҷ каси дигар монанд набуд, дӯст медоштам. Махсусан, вақте дар наврасиҳои мо телевизион сурудҳои шӯхашро пахш мекард:

Дар шаби моҳтоб фиребум кади,
Сайр кунум, қишлоқи поёнита…

Ва зери ин суруди шухи афғонӣ, раққоса мехиромид.
Баъдан фаҳмидам, ки сароянда Хуршеди Алидод аз Афғонистон аст ва ин раққосаи хушхиром духтараш Ширинмоҳ Ниҳолова, ки ҳоло сарояндаи маъруфи гурӯҳи “Авасто”-ст.

ПЕЧУТОБИ ТАҚДИР

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хуршеди Алидод 20 июли соли 1936 дар Шуғнони Бадахшони Афғонистон таваллуд шудааст.
Рӯзгори ӯ хеле ва хеле пурпечутоб буд. Аз кӯдакӣ ҳамеша тақдир ӯро бо имтиҳоноти шадид месанҷид. Дар наврасӣ аз падар ятим монд ва ба гуфти худаш бо азобу уқубати зиёд ба воя расид. Чун наврас шуд ва меҳри сарояндагӣ ба дилаш ҷо гирифт, дар баъзе маҳфилҳо сарояндагӣ карда, як луқма нон пайдо намуд. Бинобар ин, ӯ ба санъат ҳамеша ҷиддӣ, вале бо меҳру отифа муносибат мекард, зеро нони сериро маҳз аз пушти ҳунар хӯрд…

Дере нагузашта номи Хуршеди овозхон дар Шуғнону Бадахшон вирди забонҳо шуд ва дар тӯю маъракаҳо ӯро даъват мекарданд ва аз ҳунараш лаззат мебурданд. Ба гуфти сароянда ӯ бори аввал ба саҳнаи калон дар рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлолияти Афғонистон баромад ва суруд хонд… Ҳамин тавр, гӯё зиндагӣ ва шӯҳрати Хуршед нав оғоз шудаву ҳама чиз ба хубӣ пеш мерафт, то он замоне, ки оиладор шуд.
Қонуни хонадоршавӣ дар Афғонистон сангин аст. Дар он ҷо маҳри духтар ва ё “ҳақ”-и падару модар ва наздикони арӯс хеле гарон аст. Вақте модар барои Хуршед ҳамсар интихоб намуд, ӯ мувофиқи талаботи ҳамон замон ва ваъдаи пешакӣ ҳамаи харҷи тӯро пардохт кард, фақат як нафар норозӣ монд, бародари ӯгайи арӯс.
“Тӯй кардем, се шабонарӯз маърака доштем. Ин кор гузашту ман душман пайдо кардам. Душманам бародари ӯгайи ҳамсарам буд. Ӯ мехост, барояш «ҳақ» диҳам. Ман ҳар ончи доштам, ба хусурам дода будам” – ба ёд меовард, Хуршеди Алидод воқеоти он шабу рӯзро.
Ҳарчанд кӯшиш кард, бо хусурбачааш созиш карда натавонист. Ӯ ба ҳар баҳона аз Хуршед қасос мегирифт, ӯро дар назди ҳукуматдорон бад мекард ва таҳдиди пушти панҷара бурдан менамуд…
Ба ҳар навъ дар он ҷо чӣ мегузашт, бароямон рӯшан нест, вале он сабаб шуд, ки Хуршеди Алидод аз Шуғнон фирор кунад…
Нохоста, ӯ сарҳади Иттиҳоди Шӯравиро убур кард…

ХУРШЕДИ ТОҶИКИСТОН

Баробари сарҳади Тоҷикистони Шӯравиро убур кардан Хуршеди Алидод, зуд аз ҷониби кормандони ҳифзи сарҳадот боздошту зиндонӣ шуд. Тафтишот тӯлонӣ буд, билохира бегуноҳ будани ӯ собит гардид.
Вақте Хуршеди Алидод дар зиндон буд, дар Душанбе аллакай овоза пайдо шуд, ки як овозхони афғон марзро ғайриқонунӣ убур кардаву пушти панҷара аст… Ва вақте Хуршеди Алидод ба озодӣ баромад рост ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба суроғи кор омад.
“Вақте омадам, маро дар Филармонияи давлатӣ пешвоз гирифтанд. Гуфтанд, ки ҳар ҳунаре дорӣ, нишон деҳ. Чӣ асбоби мусиқӣ, ки оварданд, навохтам ва суруд хондаму рақсидам. Хулоса, маро ба кор қабул карданд”-ба ёд оварда буд, ӯ оғози фаъолияти худро.
Ҳамин тавр, фаъолияти эҷодии ӯ дар Душанбе оғоз шуд. Ӯ бо аҳли фарҳангу адаби тоҷик наздикӣ пайдо карда, сурудҳои ҷолиб ва дилнишин таҳия кард.
Иҷрои хоса, садои хоса, ва мусиқии хоса ӯро миёни мухлисон машҳур кард.

БЕҲТАРИН СУРУДҲОИ ХУРШЕДИ АЛИДОД

“Дилбари пахтакор”, “Баҳор муборак бошад”, “Пайкони қисмат”, “Диёри ман”, “Садои дил”, “Рубоби ман”, “Нозиҷон”, “Васфи Душанбе”, “Ғарибнома”, “Нолаҳои бародар”, “Сарви равонам”, “Савти Бадахшон”, “Лаби майгун”, “Оҳанги тор”, “Гулдухтари фархории ман”, “Чашмаи Носир”, “Гулбутта”, “Эй нури худо”, “Чодари гулнор” ва ғайра, ки ба бештарашон худ оҳанг бастааст.

ШӮҲРАТ
Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки ровии консертҳои зиёди Хуршеди Алидод буд, мегӯяд, ки солҳои 80-ум замони авҷи шӯҳрати сароянда буд.
“Ман ровии консертҳои ӯ будам. Махсусан, баъд аз он, ки эшон ба театри мо ба кор гузаштанд, зиёд ба гострол мебаромадем. Яке аз сафарҳоямон ба Бадахшон ҳеҷ аз ёдам намеравад… Ҳунарнамоии мо аз Сағирдашт шуруъ шуда, то Хоруғ идома кард. Мардум ҳунари ӯро бо муҳаббати тамом қабул мекарданд. Ӯ воқеан, ҳунарманди асил буд”.
Худи Хуршеди Алидод нақл мекард, ки бо вуҷуди он, ки зиёд талош кард, ҳукумати вақт ӯро ҳамеша бегона медонист.
“Ман ҳар се моҳ дар Душанбе консерт баргузор мекардам. Ҳамеша дар сафар будам ва ҳамеша бо мардум будам, вале ҳукумат маро на ҳамеша хуш дошт. Албатта, рӯйрост намегуфтанд, вале бегона буданамро эҳсос мекардам. Барои мисол маро ҳеҷ гоҳ ба хориҷа намебурданд ё унвону ҷоиза намедоданд” – мегуфт ӯ.
Вале ин монеъи маҳбуби халқ шудани Хуршеди Алидод нагардид. Ӯ ҳунарманди маъруф шуд ва дар замони соҳибистиқлолӣ ба қадри заҳматаш расиданд ва ба ӯ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро доданд…

ШИРИНМОҲ – ПАЙРАВИ ПАДАР

Аслан ҳамаи фарзандони Хуршеди Алидод аҳли санъат ҳастанд. Онҳо дар дунёи суруду мусиқӣ ба воя расидаанд, вале фақат Ширинмоҳ Ниҳолова ба саҳнаи калон роҳ ёфт ва давомдиҳандаи роҳи падар шуд.
Ширинмоҳ нахуст алорағми хоҳиши падар ба санъати рақс рӯй овард ва яке аз солистҳои муваффақи ансамбли “Зебо” буд.
“Ман зид будам, ки Ширинмоҳ раққоса шавад, зеро муносибати мардуми мо ба рақс хуб нест ва баъдан ҳангоми фаъолияти хеш раққосаҳои каҷравро зиёд вохӯрдам. Аммо вай бо хоҳиши худ ин роҳро интихоб кард ва муваффақ ҳам шуд. Лекин боз меҳри сарояндагӣ ӯро ба худ кашид ва ба сарояндагӣ рӯй овард” – мегуфт Хршеди Алидод.
Воқеан, Ширинмоҳ Ниҳолова сарояндаи муваффақ шуд ва инак, солисти ансамблои “Авесто” аст. Сурудҳои ӯ мухлисони зиёд дорад.

БОЗНИШАСТАГӢ

Дар ҳамон суҳбати телефонӣ аз Хуршеди Алидод пурсидам, ки чаро солҳои охир ба назди мухлисон намебарояд. Чунин посух дод:
“Овозам халал наёфтааст, вале баъди як беморӣ шунавоиам кам шуд. Ҳисси шунавоӣ барои сароянда муҳим аст. Ҳамин тавр, ман аз саҳна дур шудам… Вале дар хона, бо фарзандон месароям.”
Зиндагӣ бо Хуршеди Алидод дар пирӣ ҳам меҳрубонӣ накард. Ду фарзандашро аз даст дод ва ин ба саломатиаш таъсири манфӣ гузошт. Билохира, ӯ доғ дар дил дар ватани дуввуми худ Тоҷикистон, ки барои ҳунараш парвозгоҳ шуд ва ӯро маҳбуби халқ кард, аз олам даргузашт.
Ёдаш ба хайр…

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *