Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чилдухтарон. Маконе, ки ҳар як сайёҳ бояд онро бинад

Дар яке аз рӯзҳои фасли баҳор, ки атроф ҳама гулпӯш буд, мо як гурӯҳи дӯстон ба тамошои яке аз гӯшаҳои хушманзари таърихии ноҳияи Муъминобод – “Чилдухтарон” сафар кардем.

Чилдухтарон дар ҳакикат маконест, ки инсон дар он ҷо аз зебогии гирду атрофи пур аз гулу буттаҳо, сабзаву дарахтони пур аз мева, манзараи нотакрор, обҳои сарду дармонбахш  ва боду ҳавои форам лаззат мебарад, рӯҳаш болида мегардаду худро хушҳол ҳис мекунад,  чунин менамояд, ки мисли парандаҳои хушхон дар осмони софу беғубор парвоз мекунад…

Ин табиати зеборо кӯҳҳои осмонбӯси пур аз сиру асрор иҳота намудааст. Дар асл ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарастист. Кӯҳи “Чилдухтарон” байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомани занони тоҷик ривоят мекунанд. Вақте душман ба ин сарзамин ҳуҷум мекунад, як гурӯҳи духтаронро дастгир кардан мехоҳанд, то ба мақсади нопокашон бирасанд. Духтарҳо аз Худованд илтиҷо мекунанд, ки бо душман рӯ ба рӯ нашаванд, дуои ҳар кадоми ин духтарҳо мустаҷоб мешавад, онҳо дар ҳамон замон ба санг мубадал мегарданд. Ва тандиси ин чиҳил духтар, имрӯз бо номи “Чилдухтарон” машҳур аст.

“Чилдухтарон”, яке аз ҷойи хушманзараи ноҳияи Муъминобод аст, ки ҳама метавонанд аз тамошои он лаззат баранд.

Саёҳати Ҷумахон,

донишҷӯи курси сеюми ДМТ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.