Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Cуратгири “Тоҷикистон” ғолиби озмуни ЮНЕСКО шуд

Дидор Саъдуллоев, суратгири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар озмуни «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» («Календарь ЮНЕСКО 2021») иштирок намуда, ғолиб баромад.

Ғолибони озмун бо шаҳодатномаи ЮНЕСКО ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

«18 ноябри соли 2020 намояндагии ЮНЕСКО дар Алмато озмуни беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табиии Осиёи Марказиро таҳти унвони «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» эълон карда буд. Ман низ дар он иштирок намуда, аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистонро пешниҳод намудам”, -гуфт Дидор.

Ба гуфтаи Дидор, имрӯз аз натиҷаи озмун ба ӯ хабар дода шуд. “Дар хабарнома гуфта шудааст, ки аксҳои фиристодаи ман қабул гардидаанд ва рӯйи «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» гузошта мешаванд”,-афзуд Д. Саъдуллоев.


Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.