Даҳшат!!! Зиёвиддини Нурзодро ҷоду кардаанд(Видео)

Сарояндаи эстрадаи тоҷик Зиёвиддини Нурзодро ҷоду карда, аксҳои ӯ ва лухтакҳои ҷодушударо дар қабре пинҳон кардаанд. Дар ин бора худи Зиёвиддин бо пахши наворе хабар дод.

Дар навор дида мешавад, ки як нафар аз қабре чанд акс ва лухтакҳоеро, ки ба ҳамдигар баставу сӯзанкорӣ шуда буданд, берун меорад. Зоҳиран Зиёвиддинро ҷодуи «Вуду» кардаанд. Муътақидони ин навъи ҷоду бовар доранд, ки пораи руҳи одамро ба акс ва лухтак ҷой карда, ба ин васила ӯро идора карда метавонанд. Вақте ҷодугар лухтакҳоро сӯзанкорӣ мекунад, ба инсон осеб мерасонад. Ин албатта боварии ҷодугарон аст ва асоси илмӣ надорад.

Вале мавриди ҷоду қарор гирифтан Зиёвиддин Нурзодро нороҳат кардааст.

«Ҳеҷ вақт накушидам шишаи дилеро бишканаму лонаи муреро хароб созам, вале… Аҳли хурофот нестам, аммо дилам аз одаму олам монд. Намедонам пои киро бигирам?
Танҳо касеро ки ин амалро анҷом дода ба дасти Худои якто месупорам! Ва онҳое,ки аксашон дар миёна ҳаст аз ман наранҷанд. Беҳтараш аз хеш дарак диҳанд», — мегӯяд сароянда.

Пас аз ин, ӯ наворро пахш кардааст. Ин наворро, ки савобҷӯе бо исми Муҳиддин ба сароянда фиристодааст, пешкаши хондагон менамоем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *