Дар Душанбе филмҳои фаронсавиро намоиш медиҳанд

Чорумин фестивали филмҳои фаронсавӣ дар шаҳри Душанбе аз 1-якум то 5  ноябр баргузор мегардад. Фестивал бо филми «Comme un Lion» оғоз меёбад.

Ба иттилои “Ховар”, фестивали филмҳои фаронсавӣ аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии “Бохтар” доир мешавад. Дар он филмҳои бадеӣ, мустанад, аниматсионӣ, мазҳакавӣ ва драмавӣ бо субтитрҳои русӣ намоиш дода мешаванд.

Ҳамчунин,  дар доираи ин фестивал филмҳои «Felicitа» («Хушбахтӣ»), «Les Contes de la Nuit» («Афсонаҳои шабона») филми тасвирии «A la recherche des femmes chefs» («Дар ҷустуҷӯи занони ошпаз»), «Jusquа la garde» («Ҳимояи фарзанд») ва дигар офаридаҳои синамогарони фаронсавӣ пешниҳоди бинандагон мегардад.

Аввалин фестивали филмҳои фаронсавӣ моҳи ноябри соли 2018 аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Душанбе баргузор гардида буд.

Cарвинози Сайдалӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *