Дар Кубан навиштаҷоти Дороро ёфтанд!

  Агар ин бозёфт қадими будани аслаш исбот гардад, қиматтарин бозёфти таърихӣ дар тӯли ҳаёти инсоният хоҳад буд.

Дар мавсими навбатии таҳкиқотҳои археологии Экспедитсияи комплексии бостоншиносии Фангории Институти археологияи Кубан, ки бо кӯмаки фонди «Вольное дело»-и Олег Дерипаска гузаронида шуд, олимон  ҳайкалдевораи қадимиеро бо дастхати подшоҳ- Дорои 1 дарёфт намуданд. Олимон ҳамчунин боқимондаи деворҳои шаҳрҳои қадимии эрониёнро ёфтаанд. Ба гуфти бостоншиносон ин бозёфт метавонад, ки қимматтарин бозёфти таърихӣ дар кули сайёра гардад.

— Навиштаҷоте, ки дар танаи  ҳайкалдевора ҳаккокӣ шудааст, дар такя ба навиштаҷотҳои пештара ёфташудаи шоҳ  Доро метавон бо боварии комил гуфт, ки махсусан ба худи Дорои 1 таалуқ дорад. Зеро навиштаҷот ба забони қадимии порсӣ ҳакокӣ шуда, ба услуби навиштории Дорои як мисли як себи дукафон монанд аст. Мавриди зикр аст, ки мувофиқи таҳкиқоти бостоншиносон аз рӯйи навишти сангдевора он ба нимаи авали садаи V-и пеш аз мелод таалуқ дорад, новобаста аз он ки бо мурури солҳо ҳамагӣ 10- 15%-и хати навиштаҷот бокӣ монда бошад ҳам олимони нуктасанҷи мо инро исбот карда тавонистанд,- хабар медиҳад фонди «Вольное дело».

Ёдовар мешавем, ки амсоли чунин навиштаҷотҳои ҳайкалдевора дар осорхонаҳои ҷаҳонӣ 20 адад ҳастанд. Гузашта аз ин дар танаи ин ҳайкалдевораи навпайдошуда аз Кубан навиштаи «Милет»- ро хонданд, ки номи қадимии яке аз шаҳрҳои юнонии Иония мебошад. Мувофиқи баъзе ривоятҳо замони ҳукмронияш Дорои 1 то марзҳои Юнонро фатҳ намуда, дар ҳар як навиштаҷоташ шаҳрҳои тасарруфнамудаашро ҳакокӣ менамуд. Бад- ин минвол вақте дар марзи Юнон ба дастоварди бузург ноил мегардад, амр медиҳад, ки барояш ҳайкалдевора созанд, ки ӯ ин ҳайкалдевораро ба ватани худаш барад, аммо дар роҳ он ба дарё меафтад ва ҷусутӯҳои маллоҳон натиҷае намедиҳад ва Доро бидуни ҳайкалдевора ба ватан бармегардад. Олимон бар он назаранд ,ки ин сангдевораи ёфт намудаашон дар маркази «Фанагория» маҳз ҳамон ҳайкалдевораи гумшудаи Дорои 1 пас аз фатҳи бузургаш дар Юнон аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *