Давлатзода ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафт

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон барои иштирок дар Фестивали 18-уми мероси Шориқа ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард.

Ин  фестивал аз 27 март то 4 апрел дар шаҳри Шориқаи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад.

Дар ин бора аз  Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд. Вазири фарҳанг 25 март барои иштирок дар Фестивали мазкур ба шаҳри Шориқаи Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намудааст.

“Зулфия Давлатзода дар доираи сафари худ бо Директори Пажӯҳишгоҳи Шориқа оид ба мерос, доктор Абдулазиз ал- Мусаллам мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти ҳифзу нигоҳдории мероси моддию ғайримоддӣ, ташриф овардани мутахассисони соҳавӣ, ташкили семинару конфронсҳо ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ гардиданд”, -хабар медиҳад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 ҳайати фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивали 17-уми мероси Шориқа иштирок намуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *