Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эрон дар паҳлӯи Тоҷикистон аст! Паёми сафир нисбати даргузашти фарҳангиёни тоҷик

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба даргузашти чанд нафар аз шахсиятҳои саршиноси ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ кард. Дар зер матни паёми сафирро пешкаши шумо мекунем.

Паёми сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати даргузашти устод Ҷӯрабек Назрӣ

Ҷомест, ки ақлофарин мезаданаш,

Сад бўса зи меҳр бар ҷабин мезаданаш.

Ин кўзагари даҳр чунин ҷоми латиф,

Месозаду боз бар замин мезаданаш.                                                            (Хайём)

Дар таи чанд ҳафтаи гузашта  тане чанд аз ҳунармандон ва шахсиятҳои барҷастаи илмӣ ва адабии тоҷик ба диёри боқӣ рахт барбастанд ва  ҷомеаи фарҳангии тоҷикро доғдор намуданд.

Фиқдони шахсиятҳои фарҳехтае, аз ҷумла:

Муҳаммадалии Аҷамӣ,  Баҳриддин Камолиддинов, Саидшоҳ Акрамов, Хайрӣ Назарова, Савринисо Сабзалиева, Мунира Ҳакимова, Абӯбакри Зубайдӣ, Хуршед Алидод, Абдуфаттоҳ Ҳотамов ва  ғайра барои фарҳанг ва ҷомеаи Тоҷикистон ва низ алоқамандон мероси гаронбаҳои порсӣ, зойеаи ҷонкоҳ ва дарднок мебошад.

Ҳанўз дар ғами аз даст додани ин азизон будем, ки хабардор шудам устоди арҷманд ва ҳунарманди саршиноси мардумӣ  ва раиси собиқи Шўъбаи осори хаттии пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ Ҷӯрабек Назрӣ низ даъвати ҳақро лаббайк гуфтанд.

Ин ҳунарманд ва пажўҳишгари номошнои тоҷик  даврони умри пурхайру баракаташро ҷиҳати рушду тавсиаи ҳунар ва забону адаби муштараки порсӣ сипарӣ намуд.

Осор ва ёдгорҳои арзишманди ў дар ҳавзаи адабиёт ва санадпажўҳӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ бисёр шинохта шуда ва шахсияти ў мавриди эҳтироми тамоми аҳли фарҳанг мебошад.

Зимни арзи тасалият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дўсту ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз  даргоҳи Худованди бузург барои он марҳум ва соири азизони аз даст рафта оромиши абадӣ ва ҷаннатмаконӣ ва барои бозмондагони муҳтарам сабру шикебоӣ орзу менамоем.

Дар поён хотирнишон месозам, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар канори давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон буда ва бовар дорам бо талоши нерӯи шарифи пизишкӣ ва бо ҳамгомӣ, ҳамбастагӣ ва имон ин вируси манҳуси каронаро шикаст дода ва бар он пирўз хоҳанд шуд.

Зинда бод дўстии Эрону Тоҷикистон!

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дарТоҷикистон

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.