Фарзонаи Хуршед ба оилаҳои ниёзманд хона хариданист

Фарзонаи Хуршед, сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик тасмим гирифтааст, ки ба оилаҳои ниёзманду бесарпаноҳ дасти мадад дароз намояд.

Фарзонаи Хуршед, духтари Сурайё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё дар суҳбат бо сомонаи Oila.tj иброз дошт, ки дар давраи пандемеяи коронавирус чанд кас ҷони худро аз даст дода, чанд оила низ бе сарпаноҳ монданд, кӯмак хоҳад кард. Инчунин, номбурда мегӯяд, ба оилаҳои ниёзманд ва шахсоне, ки дар ҳақиқат маъюб ва бе хона ҳастанд, дасти ёрӣ дароз менамояд.

“Мо дар ин дунё меҳмон ҳастем ва ба хотири ризоияти Худованд мехоҳам каме ҳам бошад, ба муҳтоҷону дармондагон дасти ёрӣ расонам. Чанд рӯз қабл омода будам, ба оилаи ниёзманде, ки дар яке аз деҳаҳои Файзобод байни мору каждумҳо умр ба сар мебурданд, дасти кӯмак расонам. Ҳатто як хонаи наву замонавӣ ба ин оила туҳфа намоям, вале хушбахтона аз газетаи “Оила” хондам, ки ин зан ҳамроҳи духтараш аллакай соҳиби ду хона гаштаанд”,-гуфт Фарзона.

Фарзонаи Хуршед ҳоло 31 сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Ӯ бо Фаридуни Хуршед, санъаткори эстрадаи тоҷик оила барпо намуда, баъди соҳиби ду фарзанд шудан, аз ҳам ҷудо гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *