Филми «Арӯси аз он сӯйи сарҳад он тараф овардашуда» аз ҷониби «Қирғизкино»

    Дар Қирғизистон аввалин филми ҳуҷҷатӣ дар мавзӯи «арӯси фаромарзӣ» ( арӯси аз он сӯйи марз овардашуда) бо номи «Бегонаҳо» рӯйи навор омад.

Филми «Бегонаҳо» дар бораи ҳаёти арӯсоне, ки аз он сӯйи марзи Қирғизистон- Ӯзбакистон арӯс шуда омадаанд, қисса мекунад. Он бобати ҳаёти ду арӯси аз Ӯзбакистон ба қирғизписарон ба шавҳарбаромада наворбардорӣ шуда яке аз соли 1984 ба инҷониб ба марди қирғиз ба шавҳар баромада дар ватани шавҳараш умр ба сар мебарад, дигарӣ бошад 10 сол боз маскуни вилояти Оши Қирғизистон аст. Надоштани шаҳрвандии Қирғизистон ба ҳаёти ин ӯзбакзанҳои аллакай модари қирғизписарону духтарон гардида мамониятҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.

« Мақсади мо аз наворбардори чунин як филми ҳуҷҷатӣ  хотиррасон кардани масъулин бобати ин мушкилоти асосии равобити дӯстии ҳамсоякишварҳо мебошад, ки инак тӯли чандин сол дар тангнои фаромӯшӣ «зиндонӣ» шудааст. Ин занҳои аз қонун бехабар бидуни доштани ягон ҳуҷҷат дар марзи Қирғизистон умр ба сар мебаранд, ки ин оқибати ниҳоят бад барои фарзандони онҳо дорад. Яъне бо сабаби маълум набудани аслияти модар фарзандони онҳо наметавонанд, таҳсили илм намоянд мегӯяд» муаллифи филм Хулқар Исамова.

Хонум Исамова дар идомаи сӯҳбаташ бо хушнудӣ арз доштааст: « Муҳимаш он аст, ки баъди филми мо яке аз ин занҳо билохира соҳиби шаҳрвандӣ гардид».

Ин дар ҳолест, ки айнан мисли Қирғизистон Ӯзбакистон низ нисбати «арӯсони аз он сӯйи сарҳад»-и аз Тоҷикистон арӯс шуда рафта чунин муносибатро раво дида то ҳол ба эшон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ӯзбакистонро намедиҳад. Аммо дар Ӯзбакистон алорағми Қирғизистон кӯдакони занҳои тоҷикистонӣ соҳиби ҳаммаи ҳуҷҷатҳо буда, озодона дар макотиби миёнаю олии Ӯзбекистон таҳсили илм мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки филми ҳуҷчатии «Бегонаҳо» дар ҳошияи проекти « Хабрнигори сарҳадӣ» ба роҳ монда шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *