Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фирӯзи Азиз: Ифтихор дорам, ки дар “Сафина” кор мекунам

Фирӯзи Азиз хатмакардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ аз замони донишҷӯӣ нигоштаҳояшро  пайваста дар саҳифаҳои “Чархи гардун” ба нашр мерасонид. Фаъолияти кории ӯ аз Радиои “Тоҷикистон” оғоз шуд ва  соли 2007 дар телевизиони навтаъсиси “Сафина” идома ёфт.

“Мардуми кишвар бештар ба “Сафина” таваҷҷуҳ доштанду доранд. Ман шукр ва ифтихор мекунам, ки  саодати фаъолият дар “Сафина” ба ман насиб гашт.” – мегӯяд, Фирӯзи Азиз.

Аввалин лоиҳае, ки Фирӯзи Азиз дар “Сафина” роҳандозӣ кард “Нигоҳи зан ” ном дошт. Феълан ӯ муаллифи чандин барномаҳои диданӣ, аз ҷумла “Пайроҳа”, “ Қатрае аз илм”, “ Куҳандиёр”ва “Соя” мебошад.

Тамошобинон медонанд, ки “Пайроҳа” яке аз барномаҳои сербинандатарини “Сафина” аст, зеро он пайроҳаи зиндагии шахсиятҳои бузурги фарҳангу адабро инъикос мекунад.

Фирӯзи Азиз мегӯяд: “Ман имрӯз хушбахт аз он ҳастам, ки тавассути ин барнома бо зиндагиномаи чеҳраҳои шинохтаи миллат ошно гаштаву хамзамон дар суҳбаташон қарор доштам. Баъзан тасодуф иттифоқ афтодаву барномаи мо охирин сабти телевизионии онҳо низ гаштааст. Аз ҷумла устодон Хайрӣ Назарова, Гулназар Келдӣ ва Носир Ҳасан охирин маротиба аз пайроҳаи зиндагии хеш дар “Пайроҳа” қисса карданд ва ин барномаҳо ҳатман дар бойгонии шабакаи мо маҳфуз хоҳанд монд.

Барномаи дигари сертамошобини Фирӯзи Азиз “Куҳандиёр” аст, ки дар бораи фарҳанг ва ҳаёти мардуми кӯҳистон қисса мекунад.

“ Роҳбарияти шабака аз рӯзи аввал барои сабти ин барнома тамоми шароитҳоро фароҳам меоранд, имконият медиҳанд, то ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон сафар карда, ҳаёти онҳоро сабт кунем”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

– Сафина бароятон чӣ дод?

– Бузурге мегӯяд, ки ду чиз арзандатарин аст: якум муҳаббат, дуюм машғулият. Ман ҳардуи инро дар “Телевизиони Сафина” пайдо кардам.

Уѓулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.