Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фоҷиаи зиндагии Файзигул (видео)

Як сол дар асорати қумандон ва аз пояш тир хӯрдани сароянда

Овозхони шинохтаи тоҷик Файзигули Юсуф дар нашри навбатии барномаи «Ногуфтаҳо”-и Орзуи Исо саргузаштҳои талхаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ёдоварӣ кард. Ба гуфти сароянда, ӯ дар он даврони мудҳиш ба асорат афтода буд ва танҳо бо кӯмаки Президенти кишвар наҷот ёфт…

Як соли асорат

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ — солҳои 90-ум, ки замони ҷавонӣ ва шуҳрати сароянда Файзигул мегӯяд бо вуҷуди хатар  ҷасорат дошт ва ҳеҷ тарсе надошт, «ҳоло дар тақ гӯяд метарсам», — мегӯяд сароянда.

“Дар кадом маъракае, ки ҳунарнамоӣ мекардему суруд мехондем, силоҳбадастон буданд. Аз Худованд талаб мекардем, ки оё ман аз ин ҷо зинда ба хона мерафта бошам ё не. Мошинро дар роҳ манъ карда мепурсиданд, ки аз куҷо мешавӣ”.

Он замон соли 1997 ин духтари ҷасуру нотарсро силоҳбадасте ба зӯрӣ ба никоҳи худ медарорад.

“Дар консерт дар Кохи Борбад будем.  Вақте ба ивази либос мерафтам, дар он ҷо ду силоҳбадаст истода буданд. Яке гуфт Файзигул дар тарафи чап қумандон истодааст. Ту суруд хонда, ба назди ӯ меравӣ, дар тан куртаи сафед дорад. Ман гиря кардам ва гуфтам ман санъаткор ҳастам, дар оилаи санъаткор ба дунё омадаам, ман санъатро хеле дӯст медорам, илтимос ба ман халал нарасонед. Баъд ман ноилоҷ суруд хонда, ба назди ҳамон қумандон рафтаму дастамро ба ӯ дароз кардам ва ӯ аз ҷой хесту дасти маро қапид. Суруди Алла Пугачёва “Позови меня с собой” — ро мехондам», — нақл мекунад Файзигул.

Дар поёни консерт Файзигул ба умеди дидори модару аҳли хонаводааш, ки барои дастгириаш омада буданд, бо гулдастаҳо ба берун мебарояд. Вале ҳеҷ якеашонро намебинад. Ӯро ба мошини сиёҳшишае бор мекунанду ба ҷое мебаранд.

 «Дидам, ки дар назди ҳавлие сигнал доданду мошин ворид шуд. Ман хеле гиря кардам, илтиҷо кардам, ки маро сар диҳед. Ягона чизе, ки ман мехостам, озодӣ буд. Фардояш онҳо рафтанд, дар хона янгааш буд. Рӯзи дигар омада, бо худ мулло овард ва маро маҷбурӣ никоҳ карданд. Ман дар давоми як сол на падар, на модар, ягон касро намедидам. Фақат кор мекардам ва аз телевизион Файзигулро тамошо мекардам», — гуфт Файзигул ва афзуд, ки барои мардеро, ки ӯро иҷборан ба никоҳи худ дароварда буд, зан муҳим набуд, ӯ гӯё номи Файзигулро ба занӣ гирифта буд.

Вале бо вуҷуди ин, Файзигул мегӯяд ба тақдир тан надод, аммо роҳи наҷот ҳам надошт. Қумандон таҳдид мекард, ки агар ҷудо шавӣ, туро мекушам.

«Боре ман бемор шудам, ҳаракат карда наметавонистам. Маро гирифта, беморхона бурд. Маро ҳеҷ кас наметавонист хабар бигирад. Ҳамин қадар силоҳбадаст дар беморхона бисёр буд».

Пасон Файзигулро ба хонаи дигаре дар Душане мебарад ва дарро қулф зада, худ меравад. Дар бораи талошҳои хонаводааш барои наҷот, Файзигул мегӯяд он замон ҳама дар ҳарос буданд.

«Ман дар ошёнаи дуюм будам. Дар поён ду посбон истода буданд. Ман хӯрокро бо банд кашида мегирифтам. Хонаводаи ман санъаткор ҳастанд, ҳама он замон метарсиданд», — гуфт Файзигул.

Аз ин ҳама ранҷу машаққат сароянда роҳи наҷотро пайдо кард. Аз балкон бо зани русе ошно шуд, ки ӯро аз асорат наҷот дод.

«Ӯ гӯшии телефонро ба швабра баста, ба ман дод, ки ба касе занг занам. Ман ба як бародарам — ҳамсояамон занг задам. Ӯ омада, ба ман варақҳои сафед дод ва гуфт ба номи президент нома нависам».

Пас аз як ҳафта аз ҷониби президент шахсиятҳое омада, Файзигулро аз дасти қумандон наҷот доданд. Пас аз ҳафтае хабари боздошти қумандон ҳам расид.

Пои тирхӯрдаи Файзигул

Аз ин ҳодиса моҳе нагузашта буд, ки боз ба пои Файзигул тир заданд.

«Дар хона хоб будам. Нафаре бо ниқоб омада гуфт, бархез. Ман хестам, онҳо ломро гирифта, сандуқамро кушоданд, ҳами пулҳоямро гирифтанд ва дар охир ба пои ман тир зада рафтанд», — нақл мекунад бо оби дида Файзигул.

Наздики се моҳ Файзигул дар беморхонаи Қарияи Болои Душанбе табобат гирифт ва боз се моҳи дигар бо асо роҳ мегашт. Ин ҳама ҷабру ситамро ӯ бо як осонӣ хулоса мекунад, ки боз аз саҳна дур монд.

Бо ҳама фоҷиаи зиндагӣ Файзигул ҳамоно  зиндагиро дӯст медораду айни ҳол соҳиби панҷ фарзанд ва панҷ набера аст. Ду фарзандашро ӯ аз хонаи кӯдакони рақами 1-и Душанбе гирифта, ба  ба воя расонидааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.