Газета аз байн меравад?Дирӯз, имрӯз, ва фардои матбуоти тоҷик аз нигоҳи журналистон

11 март дар Тоҷикистон Рӯзи матбуот таҷлил мешавад. Ин сана ба чопи нахустин шумораи рӯзномаи аввалини тоҷикӣ – “Бухорои Шариф”, ки аз нашри он 109 сол сипарӣ мегардад, мусовӣ аст. Хабарнигори “Тоҷикистон” Уғулой Қутбиддинзода бахшида ба ин сана аз журналистони саршиноси кишвар дар мавриди дирӯз, имрӯз ва дурнамои матбуоти тоҷик пурсон шуд, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

Мурод Муродӣ, профессор:

— Дирӯзи матбуоти тоҷик гул-гулшукуфон буд, ба он хотир ки воситаҳои ахбори оммаи дигар чандон рушд накарда буданд. Техникаву технологияе, ки имрӯз ба вуҷуд омадааст, чандон маъмул набуд, бинобар он, майдонро матбуоти даврӣ соҳибӣ мекард. Аз он ҷиҳат гул-гулшукуфон буд, ки вай воситаи ба вуҷуд омадани афкори омма, аз ҷумла радиову телевизион замина гузошт, дар тарбияи касбии рӯзноманигорон шароит ба вуҷуд овард. Имрӯзи матбуоти тоҷик дар муқоиса бо дирӯз ба душвориҳо рӯ ба рӯ шуд. Матбуоти имрӯзи мо аз ҷиҳати тип ва муҳтаво дигаргун шуд, аммо аз нигоҳи  рақобат бо воситаҳои дигар то андозае дар сатҳи нигаронӣ қарор дорад. Аммо ман ба он андешае , ки матбуот аз байн меравад, то имрӯз мутмаин нестам, аммо матбуот бояд то андозае шаклашро дигар кунад.

Далер Мерганов,  муовини сармуҳаррири «Садои мардум»

-Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумат хоса, Пешвои миллат ба аҳли қалам таваҷҷуҳи хоса доштанд. Дар ҳамин замина матбуоти тоҷик баъд аз пайомадҳое , ки ҷанги шаҳрвандӣ бартараф шуданд, рушду такомул ёфт  ва имрӯз, агар хато накунам, зиёда аз 300 ҳафтаномаву рӯзнома ва 11 агентии иттилоотӣ фаъолият мебарад. 

Айни замон рӯзномаҳое  ҳастанд , ки ҳамарӯза чоп мешаванд. Ин бори дигар собит месозад, ки андешаҳо дар бобати маъмул шудани шабакаҳои ичтимоӣ ва кам шудани моҳияти матбуот беасос аст. Имрӯз майдони матбуоти тоҷик  васеъ аст. Агар нашрия матолиби хубу хонданӣ дошта бошад, хонандаи худро пайдо мекунад.  Паст будани тиражи рӯзномаҳо ба  сатҳи касбияти журналистон рабт дорад. Дар олами журналистикаи тоҷик ҳафтаномаҳое ҳастанд, ки тӯли солҳо мавқеи онҳо осебнопазир мондааст. Табиист,  ки рӯзнома ва ҳафтаномањое , ки мавқеи устувор надоранд, тими хуби корӣ, дурнамо надоранд ва сатҳи касбияти кормандонашон ба талабот ҷавобгӯ нест, онҳо то андозае аз ҳошия берун мешаванд.

Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»:

-Матбуоти тоҷик чун шохаҳои дигари соҳаҳои ҷомеасоз тўли фаъолияти беш аз якасрааш ҳадаф ва рисолати худро дошт ва дорад. Аз оғози соҳибистиқлолӣ ҳар навгоние, ки матбуоти тоҷик касб кард, ба андешаи ин ҷониб, манфӣ набуданд. Ҳам авлавият ба озодии баён, ҳам таъсису ташаккули матбуоти ғайриҳукуматӣ, амсоли хусусиву ҷамъиятӣ ва дар маҷмўъ, рушди масс-медиа ва ғайра.

Дар баробари ин, албатта, ҳастанд масъалаҳои ҳалталабе, ки дар роҳи рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ монеа эҷод мекунанд. Ба андешаи ман, кайҳо боз вақти он расидааст, ки усули омодасозии кадрҳои соҳаи матбуот ва, умуман, ВАО таҷдиди назар шавад. Як системаи мукаммале бояд сохт ва роҳандозӣ  кард, ки кадрҳои мо дар муборизаҳои шадиди иттилоотӣ рақобатпазир бошанд ва бо сари баланду дили пур аз арзишҳои миллӣ дифоъ карда тавонанд. Фарзи мисол, тахмин 10 соли охир дар факултети журналистикаи ДМТ шуъбаи (ё гурўҳи) байналхалқӣ  фаъол аст, вале ҳанўз ҳам аз самараи чашрасе бархўрдор нашудааст. Дар маҷмўъ, қариб 10 маркази омодасозии кадрҳои журналистӣ қариб ки фаъолияти якрангу камнатиҷа доранд.

Дурнамои матбуоти тоҷикро нек арзёбӣ менамоям. Фикр мекунам, бо таҷрибае, ки мо тўли як аср ба даст овардем, дар иҷрои рисолати касбӣ ва вазифаҳои инсонии хеш, пойдории давлат, боло бурдани сатҳи маънавиёти миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу умумиинсонӣ саҳми бештару беҳтар гирифта метавонем.

Хуршед Атовулло, раиси МТЖТ:

-Матбуоти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумат дастгирӣ меёбад ва ҳам обунаи маҷбурӣ дорад, роҳи худро меёбад, вале дар пешорӯйи матбуоти мустақил чандин монеаҳо вуҷуд дорад. Барои мисол, дастандакорони идеологии вақт, бо вуҷуди он, ки барои нашрияҳои давлатӣ маблағ ҷудо мекунанд, намегузоранд бо матбуоти мустақил рақобатӣ солим дошта бошанд. Онҳо дар баробари кумак ба матбуоти  давлатӣ, барои рушди матбуоти мустақил садди роҳ мешаванд.  Масалан, онҳо матбуоти мустақилро ба рӯйхати обунашавие,  ки ҳаст, роҳ намедиҳанд. Бинобар ин, фикр мекунам матбуотӣ мустақил оҳиста -оҳиста аз байн меравад, ба интернет мегузарад, зеро харҷаш нисбатан камтар аст.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР”:

-Интернет  ҷойгоҳи матбуотро танг кард. Мутаасссифона, мардуми мо назар ба сомонаҳои ҷаҳонӣ ва боэътимод, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва “занакхабар” бештар иттилоъ мегиранд. Барои аксарият сафсатаҳои як ҳарзагӯ гавҳари андеша шудааст. Имрӯз мағзҳои мо дунболаи фаҳшҳои иттилоотӣ меравад, ки аслан  онҳо иттилоот ҳам нестанд. Зимнан, ана ҳамон сайтҳо ҷойгоҳи матбуотро танг мекунанд. Аммо барои одами соҳибтафаккур ва соҳибақл ҳафтаномаҳо манбаи аслии ғизои маънавӣ қарор мегиранд. Имрӯз тамоми ҳафтаномаҳо хатти маши худро дигар карданд. Мо матлабҳои калидӣ, матлабҳои иҷтимоӣ , иқтисодӣ , фарҳангиро барои фосилаҳо менависем. Дигар мо наметавонем дунболаи хабару иттилооти ҳаминрӯза талош кунем, инро аллакай интернет ба мардум мерасонад.  Бинобар ин, то он вақте ки мардуми соҳибхирад ҳастанд, матбуоти тоҷик боқӣ хоҳад монд.

Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон  ва сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” :

-Феълан, фазои иттилотии мо назар ба матбуот ба технологияҳои нав рабт дорад. Имрӯз дата журналистика, фактчекинг, журналистикаи шаҳрвандӣ бартарият пайдо кардаанд. Дар самти журналистони байналмилалӣ низ мо пешрафта нестем. Бо ин гуфтанӣ ҳастам, ки ҷараёнҳои нави журналистикаро рушд бояд дод. Мо ба журналистоне ниёз дорем, ки бо чанд забони хориҷӣ озодона ҳарф зананд.

Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири нашрияи  «Пайк»:

— Матбуоти ғайриҳукумати имрӯз дар хизмати мардум аст ва аз сиёсати давлат дастгирӣ мекунад.  Бинобар ин, бояд давлату Ҳукумат  нашрияҳои хусусиро дастгирӣ кунанд, барои нашри он, мисли матбуоти давлатӣ, кумак намоянд, зеро газетаҳои мо имрӯз дастнигар аст, маблағ надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *