Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гуландом Субҳонова раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон интихоб шуд

Ба  ҷои  шоир ва файласуф, устоди Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд Ҷаъфари Муҳаммад, ки ду сол роҳбарии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистонро бар зимма дошт, Гуландом Субҳонова интихоб гардид.  

Гуландом Субҳонова зодаи вилояти Сирдарё аст. Маълумоташ олӣ, миллаташ – тоҷик. Соли 1971 Донишкадаи омӯзгориро дар риштаи забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Борҳо депутати шӯрои вилояти Ҷиззах ва чанде аз ноҳияҳои он интихоб шудааст. Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст. Соҳиби мукофотҳои давлатӣ мебошад. Муддати ду соли охир муовини якуми раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон буд.

Маркази миллӣ-фарҳангии Ӯзбекистон аз соли 2008 инҷониб фаъолият дорад. Ҳоло сохтори он ба ҷуз идораи марказӣ аз шаш шуъбаи вилоятӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Қашкадарё, Сирдарё, Намангон, Фарғона, Бухоро, ва Самарқанд ва ду шуъбаи шаҳрӣ – «Ориёно» дар Тошканд ва «Суғдиён» дар Чирчиқ иборат аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.