Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гулназар соҳиби диплом ва медали Аврупо

Шоири халқии Тоҷикистон  Гулназар Келдӣ бо қарори Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) аз 17 майи соли 2016  дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд.

Дар ин бора муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир, Ато Мирхоҷа иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки  ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг эъто гардида, ҳамчунин ба  ғолиб  шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим  мегардад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст. Ин шаҳодатнома имкон медиҳад, ки соҳиби он ҳангоми сафар ба кишварҳои аврупоӣ аз имтиёзҳои бархурдор бошад.

Ҳамчунин   ҳамроҳ бо Гулназар Келдӣ, соли равон ба ин мукофот олимони машҳур академикҳо Элеонора Крилатих, Зурат Серетели ва Лев Бокерия низ сарфароз гардиданд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.