Хонандаи “Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест” 75-сола шуд

Агар сарояндаи машҳури машриқзамин Аҳмад Зоҳир зинда мебуд, имрӯз 75-сола мешуд.

Аҳмад Зоҳир 14-уми июни соли 1946 дар оилаи ходими давлатии Афғонистон Абдузоҳир ба дунё омадааст. Хатмкардаи литсеи «Ҳабибия» ва Дорулмуаллимини Кобул, муддате дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) дар риштаи таълиму тарбия таҳсил намудааст. Аз 15-солагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ намуда, нахустконсерташро дар 18-солагӣ доир кардааст. Овози форам, маҳорату малака ва дониши хуб дар интихоби матну оҳанг ва тарзи нави иҷрои суруд ба ӯ имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ шӯҳрат ёбад.

Нахустин ҳунарманди Афғонистон аст, ки созҳои мусиқии барқиро истифода кардааст. Аз соли 1972 то поёни умр ҳамасола бонуфузтарин ҷоизаи санъати сарояндагии Афғонистон «Хонандаи беҳтарини сол»-ро сазовор гардидааст.

Феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳир беш аз 600 сурудро дар бар мегирад, ки асосан ба забони дарӣ ва чанде ба за­бонҳои пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруда шудаанд. Оҳангу таронаҳояш аз рӯйи сабку шеваи иҷро асосан дар пайравии оҳангҳои анъанавии миллӣ ва қисман сабки мусиқии ҳиндӣ ва ғарбӣ эҷод шудаанд. Бар асоси оҳанг­ҳои такмилдодаи халқӣ низ таронаҳои зиёде сурудааст. Барномаи бебаҳояш аз эҷодиёти қариб сад шоири пешину муосири форс-тоҷик гулчин шудааст. Ба мавзӯъҳои ишқӣ, ватандӯстӣ-иҷтимоӣ зиёдтар таваҷҷуҳ намудааст. «Бути нозанинам, маҳи меҳрубонам», «Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст», «Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон», «Ёр аз дили ман хабар надорад», «Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам», «Меҳан, эй меҳан», «Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест», «Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро», «Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад» аз ҳамин қа­биланд.

Дар Тоҷикистон суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир маҳбубияти зиёд доранд. Бисёр сарояндагони тоҷик дар пайравии ӯ таронаҳо месароянд. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир садҳо лавҳаву мақола ва китобҳои алоҳида нашр шудаанд.[6]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *