Хуҷастаи Мирзовалӣ сабаби аз Консерваторияи миллӣ рафтанашро гуфт (видео)

Хуҷастаи Мирзовалӣ, овозхони опера ва эстрадии тоҷик дар як суҳбати видеоӣ дар сомонаи Pressa.tj сабаби тарки омӯзгорӣ кардан дар Консерваторияи миллиро гуфт. Инчунин, ӯ бобати тозагии санъату шоу-бизнес, таҳсил дар Италия, камбудиҳои эстрадаи тоҷик, опера ва тӯйгардиҳояшро ошкоро ҳарф зад.

“Аз ҳисобе, ки чорабиниҳо ва маҳфилҳо зиёд шуданд ва дар «Оркестри давлатии симфонӣ»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даромадам, омӯзгориро раҳо кардам ва пурра ба ин кор машғул шудам. Орзуи ман буд, ки дар чунин оркестр кор кунам”,-посух дод, ба саволи журналист.

Хуҷастаи Мирзовалӣ, дар Консерваторияи миллӣ ҳамагӣ ду сол ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шудааст.

Хуҷастаи Мирзовалӣ дар идомаи суҳбат мегӯяд, инсон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунад. “Роҳеро, ки моро ба роҳи рост мебарад. Обрӯи инсон, хусусан аз санъаткорон, дар нӯги сӯзан аст ва агар санъаткор ҷинси латиф бошад, боз зиёдтар. Ман фикр мекунам, ки ҳунармандон худ тарбиятгари ҷомеа ҳастанд, ба ин хотир мо бояд каҷ ва ба роҳи хато наравем”,-таъкид дошт ин санъаткори варзидаи тоҷик.

Ба суоли “чаро Хуҷаста дар Инстаграм реклама надорад?” сароянда ҷавоби кутоҳ дод: “Ман блогер нестам!. Аз ин сабаб рекламадиҳандаҳо дар пешниҳоди реклама ба ман кам муроҷиат мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки Хуҷастаи Мирзовалӣ 27 сол дошта, таҳсилдидаи Консерваторияи милллӣ ва Италия мебошад. Ӯ соли 2013 пас аз ҳунарнамоӣ дар як чорабинии давлатӣ бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Италия рафт ва санъату маҳорати овозхониашро дар жанри опера муддати як сол такмил бахшида, ба Ватан баргашт.

Суҳбати пурра бо Хуҷастаи Мирзовалиро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» пайгирӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *