Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хуршед Низомов раиси нави Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Санаи 29 апрел дар Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов раиси ин иттифоқи бонуфузи эҷодӣ интихоб гардид.    

Номбурда, хатмкардаи Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, дар Оркестри эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов ва сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамзамон дар вазифаҳои сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2008-2011 дар кафедраи таърих ва назарияи мусиқии аспирантураи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов таҳсил намуда, вобаста ба созҳои миллии тоҷик, ҳунари созтарошӣ, таърихи ташаккули аввалин дастаҳои касбии ҳунарӣ, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат дар мамлакат ва инкишофи санъати касбии тоҷик китобу маҷмўа ва мақолаҳо таълиф кардааст.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.