Иқтисодчие, ки журналист шуд

Дилрабо Шарифова хатмкардаи Донишгоҳи иқтисод ва савдо аст. Бо вуҷуди он ки дар гӯшаи хаёлаш  ҳатто фикри журналист шудан набуд, вале аз овони донишҷӯӣ дар маҳфилҳои фарҳангӣ ба сифати ровӣ фаъолона иштирок мекард.

Ҳамин тавр, тасодуфе сабаб шуд ва яке аз наттоқони номвари “Телевизиони Тоҷикистон” Ёрмаҳмад Самадов ӯро барои ҳамкорӣ даъват кард. Пас аз гирифтани андаке таҷриба ба Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ба кор гузашт. Фаъолияти ӯ дар ин телевизион аз Идораи барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ оғоз шуд ва сипас дар Идораи барномаҳои чавонӣ идома ёфт.  

Аввалин барномае, ки ӯ дар “Телевизиони Сафина”роҳандозӣ кард“Алла” ном дошт, ки ҳадафаш тарбияи кӯдакон ва наврасон буд. Барои Дилрабо, ки он замон дар курсии донишҷӯӣ менишаст, таҳияи ин барнома осон набуд, вале тавре худаш мегӯяд, бо роҳнамоӣ ва кӯмаки кормандони таҷрибадори ин шабака “Алла” муваффақ шуд.

Феълан Дилрабо яке аз журналистони ҳирфаӣ ва муваффақи “Телевизиони Сафина” аст, ки на танҳо дар касби хеш тавфиқ ёфтааст, балки дар тарбияи ҷавонон низ даст дорад.

16 сол мешавад, ки Дилрабо дар ин телевизиони маҳбуб ва сертамошобин кору фаъолият мекунад ва то имрӯз чандин лоиҳа ва барномаҳои ҷолиб, аз ҷумла “Сабоҳ”, “Алла”, “Пайванди дилҳо”, “Симурғи ошно” ва ғайраро таҳия кардааст. Феълан яке аз мухаррирони масъули барномаи “Фазо” аст.

Дилрабо мегӯяд:

“Эфири телевизион масъулияти зиёдро металаб мекунад. Чун ман касбамро дӯст медорам ва ҷойи корам бароям писанд аст, вазифаи хешро аз сидқи дил иҷро мекунам”.

Дар мавриди мавқеи “Сафина” дар ҷомеа суол кардам.

  • “Фазои иттилоотӣ ва фарҳангии кишварро бе “Телевизиони Сафина” тасаввур кардан имконпазир нест” – кӯтоҳ посух медиҳад ӯ.

Дилрабо Шарифова айни замон муҳаррири варзидаи барномаи “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” мебошад ва мегӯяд, ки дари “Телевизиони Сафина” барои ҷавонон боз аст ва ҳар касе истеъдод дорад, ин шабака барояш боли парвоз мебахшад.

Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *