Чанд рӯз қабл, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, устод Кароматуллоҳи Мирзо меҳмони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» шуданд ва романи навашон «Ишқи сархӯр»-ро армуғон оварданд.

Кормандони ҷавони мо, ки хонандагони ашадии осори нависанда ҳастанд, зуд камераро равшан карда, устодро саволборон намуданд:

-Устод, мухтасар дар бораи романи наватон нақл кунед;

-Чаро «Ишқи сархӯр»?

-«Ишқи сархӯр» мисли асарҳои қаблиатон “Дарди ишқ”, “Дар орзуи падар”, “Марги бегуноҳ”… филм мешавад?

Фишурдаи суҳбати нависандаро манзури шумо менамоем ва умед дорем, ки романи ҷадиди нависандаро мутолиа хоҳед кард.

Пеш аз оне ки нависанда роман нависад, албатта, ки бояд таҷрибаи кофӣ дошта бошад. Ман аввалҳо ҳикоя менавиштам, қиссаҳоям рӯи чоп омадаанд. Баъд аз он соли 1988 қисми аввали қиссаи “Дар орзуи падар” чоп шуд. Хонандагон аз тақдири минбаъдаи Меҳрубон мепурсиданд. Он замон мардум, хусусан ҷавонон, китобхон буданд. Маҳз пурсупоси хонандагон буд, ки ман қисми дуюму сеюми “Дар орзуи падар”-ро навиштам…

Баъдан, романи “Марги бегуноҳ”-ро навиштам, ки аз рӯзгори носозгори солҳои 90-уми асри ХХ-и халқи тоҷик қисса мекунад.  Пас аз ин романи дигарам бо номи “Моҷарои зиндагӣ” рӯйи чоп омад.  Ва Инак, соли равон, дар шумораи №2 маҷаллаи “Садои Шарқ” романи навам бо номи “Ишқи сархӯр” нашр шуд.

Барои чӣ “Ишқи сархӯр? Ишқ ҳам созанда ва ҳам сӯзанда мешавад. Дар романи мазкур бо нишон додани ду ишқ, ки яке номурод мешавад ва дигаре ба мақсад мерасад ҳам созандагӣ ва ҳам сӯзандагии ишқ нишон дода шудааст.

Бояд бигӯям, ки сужаи “Ишқи сархӯр” замонавӣ буда, аз рӯзгори ҷавонон аст. Ҳаводисеро дар бар гирифтааст, ки ба аксар ҷавонони мо ошно аст. Сархӯр лақаби қаҳрамони асосӣ Исфандиёр аст. Исфандиёр дар оилаи камбизоат калон шудааст, вале  тарбияи хуб гирифтааст. Аз роҳи зиндагӣ намеҳаросад, ба мушкилиҳо ва нокомиҳо сабр мекунад, ба фикре мезияд, ки фардо аз имрӯз дида, хубтару беҳтар мешавад. Ӯ дар зиндагӣ як мақсад дорад: таъмин кардани рӯзгори модар.  “Ишқи сархӯр” ба хонандагон мегӯяд, ки зиндагӣ мубориза аст. Дар он шебу фарозҳои зиёд аст. Ҳам муваффақият ҳасту ҳам нокомӣ… Бо вуҷуди он бояд зиндагӣ кард…

 “Ишқи сархӯр” қариб 60 персонаж дорад рафтору гуфтори ҳар яке фарқкунанда аст. Ман, ки дар деҳа зиндагӣ мекунам, қаҳрамони асарҳои ман низ бештар деҳотиён ҳастанд.   

Ман як одат дорам: ҳар чизе ки менависам, пеш аз чоп ҳамқаламонам мехонанд. “Ишқи сархӯр”-ро Муҳаммад Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Нур Табар ва дигарон хондаанд. Абдулҳамид Самад баъди хондан гуфтанд, ки ин як сенарияи тайёр аст барои бардоштани филм. Қаблан филмсозон асарҳоро мутолиа мекарданд ва худашон нависандаро кофта, филм меофариданд.  Ҳоло бошад киночиҳои мо самти корашонро дигар кардаанд. Бештар асарҳои худашонро ба навор мегиранд… Умед дорам, ки “Ишқи сархӯр”-ро тақдири “Дарди ишқ”, “Дар орзуи падар”, “Марги бегуноҳ” насиб гардад ва ин роман низ ҳамчун филм пешкаши хонандагон шавад.

Таҳияи Ҳ. ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *