Камол Насруллоҳ ва Ниҳонӣ: ғолибони озмуни шеъри Ваҳдат (АКС)

2 озмуни шеъри ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — «Беҳтарин шеър дар соли 2016-и ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва «Шеъри беҳтарин дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ», ки ду моҳ қабл эълон шуда буд ба охир расид. Озмунҳо ба муносибати 20 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» роҳандозӣ шуда, барои ҳар кадом 3500 сомонӣ (ҷамъ 7 000 сомонӣ) мукофотпулӣ эълон шуда буд.

Ҳамин тавр дар озмуни «Беҳтарин шеър дар соли 2016»-и ҳафтаномаи «Тоҷикистон»: ҷойи аввал насиби шоир Ниҳонӣ, ҷойи дуюм – Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ҷойи сеюм насиби Асрори Сомонӣ гардид.

Дар озмуни «Беҳтарин шеър дар мавзӯъи Ваҳдати миллӣ» бошад: Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло – сазовори ҷойи аввал. Бузургмеҳри Баҳодур ҷойи дуввум ва Чӯпон Бадали Ванҷӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Барои баҳогузорӣ ба шеърҳо ва муайян намудани ғолиб ҳайати   ҳакамони босалоҳият, ки иборат аз се нафаранд: — Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, профессор Абдулҳай Муҳаммадаминов ва адабиётшинос Мирзо Солеҳов, таъсис ёфт. Аъзои ҳайати ҳакамон шеърҳро аз рӯйи се талабот: бозёфти шоирона, мазмуну мундариҷа ва забону вазн барассӣ намуда аз рӯйи ҷадвали даҳбала баҳогузорӣ намуданд. Натиҷаи баҳогузории ҳакамон ба барномаи махсуси компютерӣ ворид карда шуда, номи ғолибон муайян карда шуд.

Маросими супоридани диплому мукофотпулиҳо ба ғолибон шоми дирӯз дар тарабхони «Истаравшан»-и шаҳри Душанбе бо иштироки меҳмонон ва ғолибон баргузор гардид.

  

 

کمال نثر‌الله و نهانی برندگان آزمون شعر وحدت -عکس

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *