Машрабов: Консерти “Арабшо” бо имзои қалбакии вазир ва интиқод аз «Лаҳзаҳои гуворо»

Ибодулло Машрабов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, баъзе аз гурӯҳҳои ҳунарӣ бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз номи Вазорати фарҳанг дар манотиқи гуногуни кишвар консерту намоишномаҳо мегузаронанд.

Ин нуктаро Ибодулло Машрабов, муовини вазири фарҳанг имрӯз, 22 июл, зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш  гуфт, ки ба наздикӣ аз ҷониби гурӯҳи ҳаҷвии “Арабшо” санади тақаллубиеро ошкор кардаанд, ки дар он гӯё имзои вазир гузошта шудааст. Машрабов мегӯяд: — “Ин гуруҳ дар бланкаи Вазорати фарҳанг имзои қалбакии вазири фарҳангро гузоштааст. Дар матни санад ҳамин қадар хатои зиёд аст, ки зуд қалбакӣ будани он маълум мешавад. Ҳамин ҳуҷҷатро асос карда, дар минтақаҳо консертҳо ва намоишҳо доир мекунанд”.

“Арабшо” як гуруҳи ҳаҷвие аст, ки солҳои охир ба таҳияи филмҳои мазҳакавӣ машғуланд ва ҳамеша ба интиқоди шадиди мунаққидони кино рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҳамчунин, Машрабов  аз гуруҳи дигари ҳаҷвӣ — «Лаҳзаҳои гуворо» ном бурд, ки аз номи Вазорат намоишҳо доир мекунад, аммо ба иттилои ӯ  “Лаҳзаҳои гуворо”  як гурӯҳи худфаъолияте беш нест ва ба вазорат рабте надорад”.

Ибодуллоҳ Машрабов ҳамчунин пешниҳод кард, ки ин гуна гурӯҳҳои худфаъолияткунанда ба суд кашида шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *