Мавлонои Балхӣ дар Голливуд

Филмсози машҳури амрикоӣ Дэвид Франзонӣ, барандаи ҷоизаи «Оскар» барои филми «Гладиатор»  тасмим гирифтаст, ки дар бораи зиндагии шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ филм ба навор бигирад ва нақши Мавлоноро дар ин филм, эҳтимолан ҳунарманди машҳури Голливуд Леонардо ди Каприо бозад.

Коргардон Дэвид Франзонӣ ва таҳиякунандаи ин филм Стефан Ҷуел Броун ҳафтаи гузашта барои зиёрати мақбараи Мавлоно дар Қуния ва суҳбат бо мавлоношиносон вориди Туркия шудаанд.

Дар ин бора нашрияи маъруфи бритониёии “The Guardian” хабар дода, афзудааст, ки наворбардории ин филм соли оянда дар назар гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ Дэвид Франзонӣ ва Стефан Ҷуел Броун гуфтаанд, барои интихоби бозигарон дар нақшҳо ҳанӯз барвақт аст, аммо мехоҳанд Леонардо ди Каприо дар нақши Мавлоно ва Роберт Ҷон Дауни дар нақши Шамси Табрезӣ бозӣ кунанд.

Дастандаркорони ин филм зимни як мусоҳиба гуфтаанд, ки онҳо мехоҳанд тавассути ин филм тасаввуроти мардуми Амрико ва Ғарбро нисбат ба дини ислом дигар кунанд.

«Чанд сабаб аст, ки мо қарор додем дар бораи ин мутафаккир ва шоири суфӣ филм ба навор бигирем. Яке он аст, ки номи Ҷалолиддини Румӣ дар Амрико машҳур аст ва мардум мехоҳанд, ки дар бораи зиндагиаш маълумот дошта бошанд» —  гуфтааст Дэвид Франзонӣ.

Ҳамчунин, ин филмноманавис, ки ба қарибӣ дар Қуния буд, мегӯяд зиндагии Румӣ роҳи тайкардааи Шекспирро мемонад ва осори ӯ арзиши ҷаҳонӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷаллолиддини Балхӣ чанд сол пеш дар Амрико бо забони англисӣ баргардон шуд ва шурӯъ аз соли 2012 яке аз серхаридортарин китобҳо дар Амрико маҳсуб меёбад. Ин гуна шӯҳрат китоби Мавлоноро дар Аврупо низ думболагир аст.

Девид Франзонии 69-сола аз филмноманависҳои маъруфи Амрико буда, маъруфтарин филмномаҳои ӯ “Шоҳ Артур”, “Гладиатор”, “Амистад” ва “Ҷек-попригун” мебошанд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Ӯ гуфтааст, ки сенарияи филми Мавлоноро то оғози соли оянда ба охир мерасонад ва даррав ба наворгирии филм шурӯъ хоҳанд кард.

Аммо мунаққидони кино даъвати ди Каприоро ба нақши Мавлоно хуш напазируфтанд. Онҳо ба ақиде ҳастанд, ки ин ҳунарманди Голливуд ба шоири форс, ки дар Тоҷикистон зода шудаву дар Балх бузург шудааст, ҳеҷ шабоҳат надорад. Ҳамчунин, киношиносон Роберт Дауни хурдиро лоиқи нақши Шамси Табрезӣ намебинанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ди Каприо нақши Мавлоно, Роберт Дауни сазовори нақши Шамс мешаванд ё не, аммо муҳим аст мароқ зоҳир кардани Голливуд ба ҳаёти мутафаккири форс боиси таҳсин аст, зеро коре ки Эрон, Тоҷикистон ё Афғонистон мекард, ин ширкати рақами яки киносозӣ ба души худ гирифтаст.

Мавлонои Девид Франзонӣ амсоли «Гладиатор» ва “Шоҳ Артур”  маъруф мешавад ё не инро вақт нишон медиҳад…

О. Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *