Миноро аз Русия «депорт» карданд?

Сарояндаи ҷавони тоҷик- Мино, ки бо рақсҳои ҷолибу сурудҳои ошиқонааш дар дили хурду калон маъво гирифтааст, таи се моҳи охир камнамо аст. Ба саҳна набаромадани ин санъаткори номдор боиси паҳн гаштани сару садоҳои бисёре дар атрофи номаш гаштааст. Бисёриҳо дар он андешаанд, ки Миноро баъди консерти калон доданаш дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маъмурони полиси ин кишвар барои қайди расмӣ надоштани ҳуҷҷатҳояш депортатсия кардаанд.

                                                        

Иддаи дигар мегӯянд, хонум Миноро барои либосҳои нимаурёнаш ба «Рӯйхати сиёҳ» ворид карда, пахши таронаҳояшро дар шабакаҳои телевизионӣ манъ кардаанд. Ба суоли мо дар мавриди он ки кадоме аз ин овозаҳо ба ҳақиқат наздиканд, модари Мино-хонум Оламоро чунин посух дод: «Овозаҳое, ки атрофи номи духтарам паҳн гаштаанд, ягон асосӣ воқеӣ надоранд.

                                                 

Барномаи консертие, ки мо дар Москва баргузор намудем, бо дастгири як гурӯҳ муҳоҷирон буд ва Мино дар Русия хуб баромад карда, хотири ҳамватанонашро шод гардонд. Дар ҳақиқат байни мо ва як гурӯҳ кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дар масъалаи «Литсензия»-и консерт каме баҳсу нофаҳмиҳо шуда буданд, вале як занги телефонӣ кофӣ буд, ки ҳамааш дар як дам ҳал шавад. Миноро касе «депорт» накардааст, ҳар гоҳ дилаш хоҳад, метавонад боз ба дилхоҳ шаҳри Русия парвоз кунад…»

                                                        

Дар охири суҳбат модари Мино иброз дошт, ки духтараш имрӯзҳо дар пайи омода намудани якчанд клипи нав аст ва мухлисонаш метавонанд рӯзҳои наздик маҳсули эҷоди Миноро тамошо кунанд.

                                                       

Ёдрас мешавем, ки Мино, духтари шодравон Баҳрулло Саидов, собиқ рӯзноманигори телевизион буда, 19-сол дорад. Вай соли 2015 ба саҳна баромада дар як муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи мардум маъво гирифт ва имрӯз миёни мухлисони Тоҷикистонияш бисёр машҳур аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

10 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *