Мирзиёев ба Айнӣ 300000000 сум дод

Ҳукумати Узбекистон барои таъмири осорхонаи Садриддин Айнӣ, нависандаи саршинос ва қаҳрамони халқи тоҷик, 300 миллион сум – муодили 37 ҳазор доллар – додааст.

Ин иқдом дар остонаи таҷлил аз 140-солагии Садриддин Айнӣ сурат гирифт.Қарор аст, 140-солагии Садриддин Айнӣ моҳи апрели имсол таҷлил шавад. Ҳукумати Тоҷикистон барои таҷлил аз ин сана барнома таҳия карда, баргузории чорабиниҳоро дар назар дорад.Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар майдони Регистони Самарқанд воқеъ буда, соли 2009 мақомоти Узбекистон гуфта буданд, ки ин осорхонаро тахриб мекунанд. Далелашон ҳам ин буд, ки бинои осорхона хеле фарсуда шуда, ниёз ба таъмир дорад.Ин тасмим вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Аз ҷумла рӯшанфикрони тоҷик аз мақомҳои узбек хостанд, ки даст аз тахриби осорхонаи Садриддин Айнӣ бардоранд. Бо ҳамин, мақомоти Узбекистон осорхонаи Садриддин Айниро тахриб накарданд ва он то ҳанӯз дар ҷои худ боқист.Солҳои зиёди умри Садриддин Айнӣ дар Самарқанд гузаштааст ва осорхонаи ӯ дар ин шаҳри қадимии тоҷикон соли 1956, ду сол баъди вафоти ин нависандаи саршиноси тоҷик, таъсис ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *