Муҳсин Раҳимӣ: Ба тоҷикҳо ва фарҳангашон ишқ меварзам

Муҳсин Раҳимӣ соли 1975 дар Кувейт ба дунё омадааст. Ҳарчанд Тоҷикистонро хеле дер шинохт, аммо ба забону фарҳангу ҳунари тоҷикҳо меҳру дилбастагии зиёде дорад. Ӯ баъд аз нахустин дидораш аз Тоҷикистон дар шаш сол пеш, ошиқу шефтаи таъриху фарҳанг ва мардуми сарзамини мо шуд. То оғози буҳрони куруно ӯ даҳҳо нафар аз ҳамзабонони моро аз саросари дунё тавонист барои сафар ба Тоҷикистон ташвиқ кунад. Ба шарофати Муҳсин Раҳимӣ акнун дар барномаҳои форсии родиёи Кувейт пайваста оҳангу таронаҳои тоҷикӣ садо медиҳанд. Ӯ то ҳоло дар бораи шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик чанд барномаи телевизионӣ таҳия карда ва дар бораи ҷашни Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар рӯзгори мардуми тоҷик як мустанад ва филми ҳунарие сохтааст.

-Муҳсин Раҳимӣ кист? Коргардон, аккос, рӯзноманигор ё гӯяндаи  барномаҳои форсии родиёи Кувейт?

-Банда таҳсилкардаи риштаи филмсозӣ ҳастам ва аз соли 2001 ба унвони корманди расмӣ дар родиё ва телевизиони кишвари Кувейт фаъолият мекунам. Табиати шуғлам тақозо мекунад то дар заминаҳое ки фармудед, фаъол бошам.

-Чи тавр шуд ки сарнавишти Шумо бо Тоҷикистон гиреҳ хӯрд?

-Пас аз бозкушоии сафорати Тоҷикистон дар Кувейт бо ҷаноби сафир Зубайдуллоҳ Зубайдзода ошно шудам. Эшон мушаввиқи аслии ман барои сафар ба Тоҷикистон ва тавлиди кори фарҳангӣ дар заминаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон буданд. Дар Наврӯзи соли 2015 фурсати муносибе пеш омад то барои аввалин бор ба шаҳри Душанбе сафар кунам. Ҳоло дар ҳар маҳфиле, ки сухан аз кишвари шумо меравад, бо ифтихор мегӯям, ки Тоҷикистон сарзаминест, ки рӯи искиносҳояш (пулҳояш) аксҳои донишманду шоиронашро мешавад дид, ки шояд дар дунё назир надошта бошад.

-Чанд бор ба Тоҷикистон сафар кардед? Ин дидорҳо бештар тафреҳӣ буданд ё хидматӣ?

-Ба таври куллӣ 120 рӯзро тайи 8 сафар ба Тоҷикистон дар ин кишвар гузарондам. Дар ҳар сафар бахше аз корномаи фаъолиятҳои ман дар Тоҷикистон шакл гирифтааст.

-Ду сол пеш, шабе, ки кӯдакони ҷангиёни тоҷики гурӯҳи ДОИШ-ро аз Ироқ ба Тоҷикистон бармегардонданд, шуморо дар фурӯдгоҳи Душанбе дида будам, ки машғули филмбардорӣ будед. Ба хотири сохти мустанаде филм мегирифтед?

-Бале. Шаби бошукӯҳе буд ва хушҳолам ки тавонистам ба унвони дӯстдори мардуми Тоҷикистон қадамеро фаротар аз фаъолиятҳои расонаӣ  барояшон бардорам. Ба назарам рӯзе меояд, ки ҷаҳон ба сулҳу оромиш ва суботу ҳамзистии мусолиматомез мерасад. Он вақт таърихи ҷаҳон ин дарси инсонӣ ва тасмими хирадмандонаи давлатмардони тоҷикро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Ман бо гурӯҳе, ки аз сафорати Тоҷикистон дар Кувейт барои ин маъмурият эъзом шуда буд, ҳамроҳ будам ва албатта тасовиреро ҳам сабт кардам.

-Мегӯянд, ки Шумо дар бахши коршиносиии аршад дар донишкадаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғоибона таҳсил мекунед. Дар чӣ замина таҳқиқ мекунед?

-Вақте барои сохти мустанади «Рӯдакӣ» ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рафта будам, бо зиндаёд профессор Худоӣ Шарифзода ошно шудам. Эшон маро исрор ва ташвиқ карданд то барои идомаи таҳсил иқдом кунам. Барои поённомаам дар коршиносиии аршад мавзӯъи «Бозтоби Наврӯз дар расонаҳои ҷаҳони Араб»-ро интихоб кардам. Бо истифода аз фурсат ин ҷо аз устодони муҳтарам Саъдӣ Маҳдӣ, Рустам Наботӣ ва Сарабек Қаландар барои ҳамроҳиашон бо банда ташаккур мекунам.

-Шунидам, ки шумо то ҳоло чанд мустанад ва барномаҳои телевизионӣ аз Тоҷикистон ва дар бораи ин кишвар таҳия кардаед. Агар дуруст аст, оё онҳо дар ҷое намоиш дода шудаанд?

-Мустанадҳое дар бораи Рӯдакӣ ва Ибни Сино ба забони арабӣ, се филми мустанад дар бораи маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳатӣ ва фаъолиятҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба забони арабӣ, филми мустанади «Симфонияи Наврӯзи Тоҷикистон» ва филми синамоии «Беҳтарин» ба забони тоҷикӣ, дастоварди фаъолиятҳои ман дар Тоҷикистон аст, ки ба чанд забон тарҷума шуда ва дар телевизиони форсии Би-би-сӣ, шабакаҳои арабӣ ва дар ҷашнвораҳо ба намоиш даромадаанд.

-Агар иштибоҳ накунам, дар Наврӯзи соли 2017 дар шаҳри Турсунзода шуморо ҳамроҳи як тими филмбардорӣ дида будам. Он вақт гуфта будед, ки машғули сохти як филми ҳунарӣ ҳастед. Кори таҳияи ин филм ба куҷо расид?

-Бале. Наврӯзи 2017 бахшҳое аз ҷашнҳои шаҳри Турсунзодаро барои филми «Беҳтарин» тасвирбардорӣ мекардем. Ба хотири маҳдудиятҳои молӣ ва шароити куруно тадвини ин филм бо таъхири чандсола анҷом шуд ва филм дар моҳи майи соли 2021 ба сурати ниҳоӣ омода шуд.  Пахши он дар ҷашнвораҳои филм шуруъ шуда ва мо дар ҷашнвораи маҳаллӣ дар Торонтои Конодо финолист шудем. Филми мо 9 сентябри соли 2021 дар ҷашнвораи шаҳри Қазони Русия дар бахши аслии мусобиқа намоиш дода мешавад. Ҳузур дар ҷашнвораҳои дигареро ҳам дар оянда хоҳем дошт.

-Филми «Беҳтарин» дар бораи чист?

«Беҳтарин» қиссаи вафодории як фарди миёнсол нисбат ба ишқи нофарҷоми ӯ дар ҷавониаш аст.

-«Беҳтарин» чи иртиботе бо Наврӯз дорад?

— Қиссаи филми мо аз се рӯз қабл аз Наврӯз иттифоқ меафтад ва то нимаи аввали рӯзи Наврӯз идома меёбад. Ман шахсан алоқаманд будам сайри таҳаввули шахсияти филм бо Наврӯз ҳамоҳанг бошад, ки замони тағйири фасл ва оғози баҳору бедории табиат аст. Иттифоқан, ду филмномаи дигар барои тавлид омода кардаам, ки достони онҳо ҳам дар рӯзҳои Наврӯз иттифоқ меафтад.

-Чаро Наврӯз? Шумо дар кишвари арабӣ, ки Наврӯзро расман баргузор намекунад, ба дунё омада рушд кардаед ва ҳоло дар он ҷо зиндагӣ мекунед. Ин ишқу алоқаи Шумо ба Наврӯз аз куҷо меояд?

-Хонаводаҳои эронитабор ҳар куҷои дунё бошанд, ҳамеша Наврӯзро ҷашн гирифтаанд ва дар оянда низ чунин хоҳад буд. Мо ба унвони муҳоҷир бо ин ҳолу ҳаво бузург шудем. Ёдам меояд, ки дар кӯдакиам, вақте мисли алъон моҳвораҳо ва барномаҳои наврӯзӣ набуданд, субҳи аввали Наврӯз ҳар чандто хонавода канори як суфра Наврӯзро бо ҳам ҷашн мегирифтанд ва то як-ду ҳафта суфраҳои наврӯзӣ паҳн буд ва рафту омадҳо барои диду боздидҳои наврӯзӣ ба сурати гурӯҳӣ анҷом мегирифт.

-Оё метавон гуфт, ки ҷашнҳои Наврӯзи Тоҷикистон далели ҳузури Шумо дар Тоҷикистон аст?

-Дар соли 2015 барои аввалин бор ба хотири ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон ба ин кишвар омадам. Аммо имрӯз иртиботи ман бо Тоҷикистон фаротар аз як ҷашни Наврӯз аст, хеле фаротар аст. Ҳамакнун, огоҳона ман ба ин сарзамин ва мардумону фарҳангаш ишқ меварзам. Гӯиш ва мусиқии тоҷикӣ бисёр бароям дилпазир аст. Дӯстони тоҷике дорам, ки ҳамчун хонавода бо ҳам пайванд хӯрдаем.

-Ман трейлери ин филмро дидам. Дар он ҳеҷ бозигари саршиноси тоҷик ҳузур надорад. Шояд барои ҷазби бозигарони ҳирфаӣ маблағи кофӣ надоштед?

— Албатта, барои сохти ин филм маҳдудиятҳои молии фаровоне доштем. Аммо кор кардан бо нобозигар ҳам равише аст, ки ман шахсан худам бисёр дӯст дорам. Ин сохторро дар синамои Итолиё ва Фаронса бисёр мебинам. Дар филми «Беҳтарин» ҳар касе нақши худашро бозӣ мекунад. Нақши пизишкро воқеъан пизишки русто бозӣ мекунад ва нақши хайётро фарде хайёт. Нақши баққолро воқеъан як баққол бозӣ карда. Бозӣ гирифтан аз ин афрод кори мушкиле буд, аммо таҷрибаи дилпазирест.

-Лутфан дар бораи хонуми эроние, ки дар «Беҳтарин» бозӣ карда, иттилоъ бидиҳед.

-Мо дар филм барои яке аз шахсиятҳои аслӣ хонуми аккосеро лозим доштем, ки тоҷиктабор аст, аммо барои аввалин бор аз Урупо ба Тоҷикистон меояд то бо фарҳанги аҷдодии худ ошно шавад. Хонум Нотиё Аминӣ аккос ва сокини Испониё ҳастанд ва дар заминаи мудирияти фарҳангӣ таҳсилот ва фаъолият доранд. Ба эшон пешниҳод додем, ки хушбахтона, пазируфтанд ва барои ҳамкорӣ ба ҷамъи мо пайвастанд.

-Филмбардорӣ дар кадом манотиқи Тоҷикистон анҷом шуд?

-Дар шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисор, деҳаҳои Қиблаӣ (ноҳияи Рӯдакӣ-С.З), Лоёб (шаҳри Ҳисор-С.З), шаҳри Турсунзода ва рустоҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ. Ҳамин ҷо, аз ҳамаи азизоне ки дар сохти ин филм моро ҳамроҳӣ карданд, бисёр ташаккур мегӯям ва муҳаббаташонро фаромӯш намекунам.

-Ин филми Шумо сармоягузоре дорад?

-Аз назари сармоягузорӣ, ин филмро бо ҳазинаи шахсии худам сохтам. Ин ҷо мехоҳам таъкид кунам, ки аз назари ҳимоятҳои маънавӣ нақши вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сафорати ин кишвар дар Кувейт бисёр боаҳамият аст.

-«Беҳтарин» мустанад аст ё филми ҳунарӣ? Дидам, ки дар ҷашнвораҳои филм дар шаҳри Қазони Русия ва Торонтои Конодо ба унвони мустанади достонӣ муаррифӣ шуда. Ба назари худи Шумо он мустанад аст ё филми ҳунарӣ?

-Бибинед, филми «Беҳтарин» сохтори достонии клоссик надорад ва сирфан саргармкунанда нест. Балки филмест, ки қиссае дорад ва бори мустанади он ҳам кам нест. Ва дар жонри «синамои таҷриба» меғунҷад ва дар кулл мафҳуме ахлоқиро дар пушти худ пинҳон кардааст, ки дар тӯли филм ба он пардохта мешавад.

-Шумо пештар ба номи «Симфонияи Наврӯзи Тоҷикистон» мустанади дигаре дар бораи ҷашн ва ойинҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон сохта будед. Онро аз телевизиони форсии Би-би-сӣ намоиш доданд. Дар барномаи «Аппарат»-и ин телевизион аз Шумо интиқод карданд, ки бештар ба рақсу мусиқии тоҷикӣ пардохтаед то ба нукоти бунёдии русум ва одоби миллии тоҷикҳо. Шумо ки дар он барнома ҳузур надоштед, назаратон ба ин интиқодот чӣ ҳаст?

-Бузурге фармуда, ки:

Дар банди он наям, ки дашном

ё дуъост,

Ёдаш ба хайр, ҳар ки зи мо

ёд мекунад!

Кори филмсоз сохтани филм ва кори мунтақид нақд кардани он аст. Ва филмсоз бояд ба назари мунтақидонаш, ки вақт гузоштаанд ва филмро дидаанд  (аз ҳар манзаре дида бошанд) эҳтиром бигзорад.

Аслан филми “Симфонияи Наврӯзи Тоҷикистон” бо ҳамин мавзӯъ, яъне рақс ва мусиқӣ дар Наврӯз шурӯъ мешавад ва бо таъкид бар ҳамин мавзӯъ ҳам ба поён мерасад. Ва дар миёнаи филм ба бахше аз одоби Наврӯз пардохта шуда. Аз аввал нияти ман бар он набуд, ки бар кулли одоби миллӣ ва русум таъкид кунам.

Хушҳолам, ки аз роҳи пахши ин мустанад дар телевизиони Би-би-сӣ бинандагони зиёде дар саросари ҷаҳон бо бахше аз фарҳанги наврӯзӣ дар Тоҷикистон, ки марбут ба рақс ва мусиқӣ аст, ошно шуданд ва бозтоби хеле хубе ҳам дошт. Ин барои ман муҳим буд.

-“Беҳтарин” кай дар Тоҷикистон ба намоиш хоҳад даромад?

-Кӯшиш мекунам, ки Наврӯзи 2022 се ё чаҳор намоиш дар Тоҷикистон дошта бошем. Албатта ин бастагӣ ба шароит дорад.

-Сипосгузорам.

Сӯҳбаторо Суҳроби Зиё

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *