Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нақши мавлоно Ҷомию Навоиро кӣ меофарида бошад?

Пас аз мулоқоти сароди ду кишвари ба ҳамдӯсти ҳамсояд дар назди Оҷонсии кинематографияи Ӯзбекистон ба манзури таҳияи филми таърихӣ-бадеӣ аз ҳаёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ аз ҳисоби филмбардорони ду кишвар гурӯҳи эҷодии муштарак ташкил шудааст.

Аз рӯи хабари “Даракчи”, лоиҳаи мазкур зимни мулоқоти Директори генералии Оҷонсии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ва Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Фирдавс Абдухалилов дар ин дидор ҳамчунин таъкид доштааст, ки «барои таҳкими равобити фарҳангии ду кишвари ҳамсоя мо аз гузарондани Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон ҷонибдорӣ менамоем”.

Дар назар аст ки минбаъд барои пешбурди ин лоиҳаи муштараки фарҳангӣ миёни филмофарони ду кишвар ба таври мунтазам музокирот ва конфронсҳои онлайнӣ баргузор мегарданд.
Барои навиштани сенария ва донистани ақидаву назарҳои аҳли илму адаб ва муҳаққиқон чанде пеш дар дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар заминаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир ба таҳия ва эҷоди филми ҳунарӣ дар бораи дӯстии ду халқи бародар, ки аз дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ маншаъ мегирад, бо иштироки директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, аҳли эҷоди муассиса ва олимону зиёиён, адибону шоирон, киношиносону мунаққидон вохӯрӣ доир гардид.

Вале, то ҳанӯз маълум нест, ки нақши ин ду чеҳраи мондагорӣ торихиро кадом ҳунармандони босалиқаву донишманд меофарида бошанд. Чун офаридани чеҳраи мавлоно Ҷомиву мир Алишери Навоӣ аз ҳунармандон маҳорату истиэъдод ва дониши комилро тақозо мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.