Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Наттоқ – чеҳраи телевизион. Дилафрӯз Комилзода кист?

Номи Дилафрӯз Комилзода ба тамоми мардуми кишвар ошност, зеро ӯ аз рӯзи аввали таъсисёбии “Телевизиони Сафина” ба сифати наттоқи барномаи иттилоотии “ Навид” фаъолият мекунад.

Дилафрӯз Комилзода хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Замони таҳсил маҳорати суханвариро аз устодонаш Баҳриддин Камолиддинов ва Абдурашид Хӯҷамқулов омӯхтааст. Ӯ аз даврони донишҷӯӣ бо расонаҳо ҳамкории хеле зич дошт. Ҳамкориро аз Телевизиони “Пойтахт”, ҳоло “Телевизиони Душанбе”, оғоз карда, муддате дар радиои “Ватан” низ ҳамчун ровии барномаҳои иттилоотӣ мустақим фаъолият кардааст.

Соли 2005 “Телевизиони Сафина” дар фазои иттилоотии кишвар арзи ҳастӣ кард ва Дилафрӯз тариқи озмун ба сифати наттоқи  барномаҳои иттилоотии “Навид” ба кор пазируфта шуд. Инак, 16 сол мешавад, ки Дилафрӯз Комилзода бинандаҳои ин шабакаро аз хабарҳои дохил ва хориҷи кишвар огоҳ месозад. 

Ӯ рӯзҳои аввали фаъолияташро ба ёд оварда мегӯяд:

-“Замоне ки ба кор омадам, чун коллектив низ нав буд ва пеши ҳамаи мо роҳандозии нақшаҳо ва муаррифии як шабакаи нав истода буд, Аҳли ин даргоҳ бо тамоми масъулият кӯшидан то нуфузи “Сафина” дар ҳадди бояду шояд қарор дошта бошад. Дар ин муддат таҷрибаи зиёд гирифтам, вале ҳоло ҳам, душвории корамро эҳсос мекунам. Зеро пахши мустақим масъулияти зиёд дорад. Дигар ин ки наттоқ – чеҳраи телевизион аст ва бояд намуна бошад.”

Дилафрӯз Комилзода имсол тасмим гирифт, ки барномаи муаллифии хешро таҳти унвони  “Олиҳа” роҳандозӣ кунад. “Олиҳа”, ки минбари занони муваффақи касбу кори гуногун аст, аллакай ба қалби тамошобинон роҳ ёфт. Зеро “Олиҳа” муаррифгари онҳоест, ки бо вуҷуди ҷисму қалби нозук доштанашон, барои рушди ҷомеа мардона хизмат мекунанд.

“Сафина” бароям далериву ҷасорат, қавииродагиро омӯзонд ва барои худ исбот кардам, ки талош кардану масъулият дошнату содиқ будан ҳатман муваффақиятро ба бор хоҳад овард, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Уғулой Қутбиддинзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.