Наврӯз дар Тониёл

Деҳаи ман Тониёл ном дорад ва яке аз деҳаҳои дурдасти шаҳри Кӯлоб аст. Ҷашни Наврӯзро дар деҳаи мо хеле бошукӯҳ ва бо самимият ҷашн мегиранд.

Мардуми ин деҳа мисли дигар сокинони Тоҷикистон дар арафаи Наврӯзи Аҷам кӯчаҳоро об зада мерӯбанд, хонаву даҳлезҳоро рӯбучин ва ҷӯйҳоро тоза мекунанд, ба аёдати беморон мераванд, қабристони деҳаро тоза карда, зиёрат мекунанд. Аҳли маҳалла иди Наврӯзро дар боғи мактаби деҳа, хирман ё майдончаи варзишӣ бо хушу хурсандӣ ва тантана ҷашн мегиранд.

Тавре медонем, яке аз маросимҳои маъмулии Наврӯз гулгардонӣ аст, ки дӯстдоштатарин анъанаи кӯдакону наврасони Тониёл мебошад. Кӯдакони деҳа қабл аз фаро расидани Наврӯз ба ҳар як хона наздик шуда, пайғоми фарорасии Наврӯзро бо қироати шеъру тарона ба соҳибони хонаҳо шодбош мегӯянд ва туҳфа мегиранд. Чаҳоршанбеи сурӣ бошад, оини дигари наврӯзӣ дар деҳаи мост. Дар ин маросим, дар деҳа се машъал афрӯхта мешавад ва мардум аз болои он мепаранд ва ниятҳои нек мекунанд.

Дар деҳаи мо пухтани ширинӣ, бахусус, хӯрокҳои миллӣ ҷузъи расму русуми ин ид дар миёни мардум аст. Дастурхони идона, шодии одамонро меафзояд. Ғизоҳои маъруфи ин айём, оши палав, атола, угро, ширбиринҷ, далда, оши бурида ва дигар хурокҳо ба ҳисоб мераванд.

Агар дар ҳар як маҳаллаву деҳа мусобиқаҳои миллӣ-гуштингирӣ, ресмонкашӣ, вазнбардорӣ, камонзанӣ, аз ҷониби мардон, хусусан, ҷавонон баргузор шавад, ҷомадӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ барин ҳунарҳои дӯзандагиро занону духтарон анҷом дода, ба  намоиш мегузоранд ва ё ба  наздикони худ чун туҳфаи наврӯзӣ ҳадя  мекунанд.

Хулоса, Наврӯз — ин иди  бедории табиат, рӯзи расидан ба соли нав, иди бародариву баробарӣ ва  иди ҷаҳонӣ, дар деҳаи мо бошукуҳ таҷлил мешавад.

Билолҷони Кароматулло, хонандаи мактаби №-17 шаҳри Кӯлоб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *