Низом Нурҷонов: Академик нашудам, аз паси мукофот надавидам, фақат кор кардам.

(Ин мусоҳиба охири моҳи декабри соли 2016, ба муносибати 94-солагии театршиноси барҷастаи тоҷик Низом Ҳабибуллоевич Нурҷонов сурат гирифта, дар шумораи №52 (1198),  28 декабри соли 2016) нашр шуда буд. Ба хотири шод гардонидани рӯҳи марҳум Низом Нурҷонов бознашри онро дар сомона лозим мешуморем. Шояд ин аз охирин мусоҳибаҳои эшон бо ВАО бошад…)

Театршинос, этнограф ва санъатшиноси барҷастаи тоҷик профессор Низом Ҳабибуллоевич Нурҷонов 94 сола шуданд.

…Китоби муҳаққиқи тоҷик, Низом Ҳабибуллоевич Нурҷонов – «Малика Собирова» ба муҳокимаи нашриёти «Култура»-и Маскав гузошта шуд ва ба дасти Артисти халқии СССР Асаф Михайлович Мессерер афтод. Мессерер раққос ва устоди рақси «Болшой театр» аз мутолаи ин китоб  лаззат мебурду симои балеринаи шӯҳратёри тоҷикро пеши назар меовард ва ба маҳорати эҷодии муаллифи китоб қоил мешуд. Мессерер дар ҳошияи китоб навишт: «Ман ҳатто дар Маскав, чунин муҳаққиқро надидаам, ки доманаи таҳқиқоташ мисли Низом Ҳабибуллоевич васеъ бошад. Ӯ ҳам опера, ҳам драма, ҳам балету фолклор ва ҳам мусиқиро фаро гирифтааст». Аммо ба Мессерер маъқул намешавад, ки муҳаққиқи тоҷик Малика Собироваро бо Галина Уланова ва Екатерина Максимова дар муқоиса ва гоҳо боло мегузарад.  Бо вуҷуди ин асарро нашриёт ба нақшаи чоп ворид кард. Ҳамон сол Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрду тақдири китоби «Малика Собирова» муаллақ монд… 

— Ман солҳо дар ҳайати «Култура» будаму гоҳ-гоҳ маро дар маҷлисҳои калонашон ҷеғ мезаданд. Дар он ҷаласаҳо Раиса Горбочёва, ҳамсари Михаил Горбачёв низ ширкат мекард ва ман бо ӯ шинос будам. Бинобар ин, ба унвони ӯ мактуб навишта, барои нашри китоб кӯмак пурсидам. – мегӯяд, Низом Ҳабибуллоевич, саҳнаҳои на он қадар дури ҳаёташонро ба хотир оварда. – Аммо Раиса Горбочёва навишт, ки имкони кӯмак надорад. Замони истиқлол бо кӯмаки фонди «Сорос» ин китобро бо теъдоди 1000 нусха чоп кардам. Ин асарро бо забони тоҷикӣ бо номи «Эътирофи умумиҷаҳонии Малика Собирова» бо иловаҳои тоза омода карда, ба Президент мактуб навиштам, ки китоби маро нашр кунанд. Аммо мактуби маро ба Президент нарасонида, кормандони дастгоҳ вазири фарҳанро ҷеғ зада пурсиданд, ки китобро чоп карда метавонӣ?

– Ҳа, — гуфт.

Се сол гузашт, нашр карда наметавонанд. Ягона балеринаи сатҳи ҷаҳонӣ дорем, аммо китобашро нашр карда наметавонем. Маҷмӯи мақолаҳоямро ҷамъоварӣ кардам, ёддоштҳоямро навишта, ба нашриётҳо додам, аммо солҳо мегузараду чоп намешавад. Вазорати фарҳанг имкони маблағ ҷудо кардан надорад.

Китоби Низом Нурҷонов. Малика Слбирова. Москва. «Искусство»…

— Низом Ҳабибуллоевич, агар дар мавриди камбудиҳо ҳарф занем, сӯҳбатамон хело тӯл мекашад. Мехоҳам дар мавриди зиндагии шумо, умри бобаракататон ва ҳолу аҳволатан сӯҳбат кунем.

— Зиндагиам бад не, нафақа мегирам. Касалиҳои машҳури калонсолон: — фишори хун, қанд, инсулт худо ба шукр ба ман  начаспид. Ман 94 сола шудам, то ҳол кор мекунам ва тамоми умр кор кардам. Аз паси шӯҳрат, мукофот надавидам. Саҳар мехезам, сари миз мешинаму кор мекунам. Гоҳ –гоҳ барои газетаҳо мақола менависам. Зиёдтар китобҳои бадеӣ мехонам. Романҳои аврупоӣ, англисҳо, франсузҳо, русҳо  ва немисҳоро бисёр дӯст медорам. Англисҳо бисёр инсонро дар маркази диққат нигоҳ медоранд, тамоми дарду алам, кӯшишу ғайрат ва майлу хоҳиши инсонро нағз тасвир мекунанд. Насри тоҷик ҳоло ба ин қулла нарасидааст. Нависандаҳои забардаст надорем. Ман ҳоло романи Александр Дюма -«Граф Монтекристо»-ро хонда истодаам. Ҷилди аввалашро тамом карда, ба дуюмаш гузаштам. Ҳайрон мешавам, ки ин нависанда ин қадар ҳодисаву воқеаро дар хотираш чӣ тавр нигоҳ медорад? Чӣ хел менависад? Худо ин қадар истеъдодро ба ин одам додааст. Инсонро чунон тасвир мекунад, ки ҳайрон мешавед.  Хай умрам ҳам гузашт, вале фикр мекунам, ки беҳуда не.  Тамоми умр кор кардаму корро ёд гирифтам. Аввалҳо забони русиро суст медонистам. Оҳиста-оҳиста забони русиро нағз ёд гирифта, бо забони русӣ мақола навиштам. Ҷуръат карда, ба маҷаллаҳои Маскав мақола мефиристодам. Дар маҷаллаҳои «Театр» як чанд мақолаҳоям чоп шуд. Алманахи «Современное драматургия» низ мақолаҳои маро нашр кард.

— Ҳоло машғули чӣ кор ҳастед, чӣ менависед?

—  Нақшаҳои ман бисёр, лекин синну сол рафт.  Таърихи театри Лоҳутиро навишта истодаам. Номи китоб «Нахустин театри касбии тоҷикӣ». Театри Лоҳутӣ бисёр театри нағз буд, ҳозир қоматаш хам шуд.

— Чаро? Сабаб дар чист?

-Режессёри нағз нест. Ҳамкорӣ байни коргардонҳову драмматургҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст. Театр як муддат ба дасти роҳбарияти нодуруст афтоду қоматаш хам шуд. Ман аллакай дар рӯзнома роҳҳои наҷоти театрро навиштам. Ҳамчунин, роҳҳои боқувват кардани драмматургияи тоҷикро низ навишта пешниҳод кардам.  Аммо масъулон мақолаҳои маро намехонанд, ҳама бесавод шудааст. Ягон кас на занг мезанад, на мехонад, на мехоҳад, ки аз ин бунбаст барояд, касеро парвое нест. Бо вуҷуди он, ки ҳамааш шогирдони ман ҳастанд, навиштаҳоямро намехонанду амал намекунанд. Ман 20 сол дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон муаллим шуда кор кардам, аммо маро ронданд… интиригаҳо зиёд…

— Аммо тавре маълум, интригаҳо пеши роҳи шуморо нагирифтанд ва шумо ҳамеша пеш рафтед…

— Дар даруни ин интригаҳо ман дар академия, шӯъбаи таърихи санъатро ба вуҷуд овардам ва 35 сол онро роҳбарӣ кардам. Ибтидо 3 нафар будем, ман 3 нафарро ба 25 нафар расонидам. Маскаву Ленинград фиристодам. Ба ҳамин шӯъба як одами нодаркорро мудир таъин карданд. Ин одами нодаркор 2 ҷилди «Санъати тасвирӣ»-ро, ки шӯъбаи мо омодаи чоп карда буд, гирифта гурехт. Ин одам, ки дар умраш ду ҷумлаи дуруст нанавиштаст, ин асарро дуздида рафт. Ҳол он ки борои ин китоб 15 нафар кор карданд. Баъди ин шӯъба пароканда шуд. Муҳаққиқони нағз рафтанд.

— Умуман, миёни шогирдонатон ҳастанд нафароне, ки тавонанд барои илм содиқона хизмат кунанд ва ояндаи илмро ба дӯш гиранду ояндадор бошанд?

— Бисёри шогирдонам дар шаҳрҳои дигар кор мекунанд, лекин миннатдоранд. Занг мезананд, аҳволпурсӣ мекунанд. Охиринаш Маҳмадулло Табаров аст, ки аз вай умед дорам. Аммо баъзеи шогирдонам дар охир халтура карданд, дуздӣ карданд. Хислатҳои неки маро нагирифтанд.

— Дар умум, олим бояд кадом хусусиятҳоро доро бошад?

— Олим бояд виҷдони пок дошта бошад, бисёр покиза кор кунад, ҳақиқатро гӯяд. Барои асарҳояш худаш мавод ҷамъ кунад. Ман 30 сол тамоми Тоҷикистонро давр зада, қишлоқҳои тоҷикнишини Ӯзбекистонро гашта, мавод ҷамъоварӣ кардам. Натиҷаи ин ҷустуҷӯҳо нишон доданд, ки тоҷикон танҳо дар давраи Шӯравӣ соҳиби театр нашуда, балки хело пеш театрҳои фолклорӣ доштанд. Ин китоби ман дар ду ҷилд бо теъдоди 700 саҳифа чоп шуд. Ман ин китобро ба сафири Эрон тақдим кардам, зеро қисмати Эронро низ дар бар гирифтааст. Ин китоб ба вазорати фарҳанги Эрон фиристода шуд ва сазовори ҷоизаи «Китоби сол» гардид.  Онҳо маро даъват карда, хело хуб меҳмондорӣ намуданд. Газетаҳояшон як ҳафта фақат дар бораи ман навишт.

— Аз ҷониби Тоҷикистон чӣ мукофотҳо доред?

— Барои китоби «Олами беканори рақси тоҷик» ҷоизаи Рӯдакиро гирифтам. Дигар мукофот надорам. Аъзо-корреспандент, академик нашудам, роҳ надоданд. Барои мукофоти ба номи Абӯалӣ ибни Сино 120 ҷузъи чопӣ китоб пешниҳод кардам, нагузаштам, аммо як мансабдори давр бо як китобчаи майдача соҳиби ин мукофот шуд, зеро тақдираш аз боло ҳал шуд.

— Паҳлӯҳои омӯзиши шумо васеъ аст. Ҳам опера, ҳам балет, ҳам мусиқӣ, ҳам фолклор, ҳам драммаву мазҳака…

Низом Ҳабибуллоевич, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ… (1941-1945)

— Зеро ман ин намудҳои санъатро дӯст медорам. Солҳои ҷанги бузурги ватанӣ, мо дар қишлоқи Зузинои атрофи Маскав ҷойгир будем. Маскав нав аз хатари фашистҳо озод шуда буд. Ман, ки маълумоти олии нопурра доштам, ба 20 нафар старшина интихоб шудам. Ман ҳақ доштам, ки гоҳ-гоҳ гурезам. Бинобар ин, 1 кмро пиёда тай карда, ба посёлкаи «Автозаводская» меомадам ва ба трамвай савор шуда, ба «Болшой театр» мерафтам ва дар флиали ин  театр опера гӯш мекардам. Дар театри МХАТ ҳам се спектакл тамошо кардам. Солҳои таҳсилам дар Ленинград, ҳама театрҳоро зиёрат кардам. Ҳам опера, ҳам драмма, ҳам оперетта, ҳам театри кӯдакона. Тӯли  се сол 400 спектакл тамошо кардам. Ҳамин тавр, ман ҳамаи жанрҳоро дӯст доштам ва дар бораи ин жанрҳо китобҳои заруриро мехондам, 40 сол ба маҷаллаи «Театр» обуна будам ва аз таҷрибаи устодони рус омӯхтам ва доир ба ҳама жанрҳои санъат асар навиштам. Дар натиҷа ду ҷилди «Таърихи театри тоҷик», ду ҷилди «Театри суннатии тоҷик»,  пан ҷилди «Санъати мусиқии Помир» ва китобҳои бисёри дигари ман ба вуҷуд омаданд. Дар бораи 11 актёрҳои забардасти тоҷик китобҳои алоҳида навиштам. Зиёда аз 1000 мақола, қариб 50 рисолаи ман чоп шудааст. Маскав солҳои 60-ум  6- ҷилди «Таърихи театри Шӯравӣ»-ро навишт, ки ҳамаи бобҳои театри тоҷик ба қалами ман тааллуқ дорад. Баъд аз 90-солагӣ бори аввал ба повест – жанри бадеӣ рӯ овардам.

— Бисёр аҷиб аст, ин повест нашр шуд ё не? Мавзӯаш чист?

— Солҳои ҷамъоварии мавод дар Бухоро ба ман дар бораи як раққосаи хело ҷавон, ки номаш Райҳонпарӣ будаасту ӯро халқ Майда мегуфтааст, нақл карда буданд. Майда ба дараҷаи олӣ мерақсид. Мардҳо ба воситаи як зан ӯро фиреб дода, ба маъракаи худашон мебаранд. Ӯро маҷбур карда. фаранҷиашро аз сараш мегиранд. Ин вақт Миршаб омада, ӯро мебараду мепарронад. Духтараки 14 –солаи раққосаи бегуноҳро мепарронад. Доир ба ҳамин ҳодиса як қиссаи воқеӣ навиштам. Маҳоратам аз афташ нарасид. Қисса ба ҳайати «Садои Шарқ» ибтидо маъқул шуд, аммо ба касе маъқул наафтод, ки онро ба ман бозгардониданд. Ман ба раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон арз кардам, он кас хонда маъқул карданд, аммо то ҳол мунтазирам, аммо чоп нашудааст. Дигар ба наср даст намезанам. Сюжа зиёд дорам, аммо зӯрам намерасад.

 — Устод 94 сола мешавед. Ба умри гузаронидаатон имрӯз чӣ гуна менигаред?

— Ман дар ибтидо гуфтам, ки умри ман беҳуда нагузашт, аммо пур аз шебу фароз буд. Ҳамсарам, ки ӯро хело дӯст медоштам, дар синни 39 аз дунё гузашту ду фарзандро ба ман монд. Ман зиёд шикастадил шудам. Зиндагии дубора сохтам. Барои гирифтани хона бисёр азоб кашидам. Қариб хонаамро аз ман кашида гирифта буданд. Аммо ман ҳамеша содиқона кор кардам. Ман кайҳо китобҳоямро ба китобхонаҳои Лоҳутӣ ва Фирдавсӣ тақдим намуда, архивамро ҳам ба ихтиёри институтамон гузошта, интизори марг будам, аммо чӣ тавре мебинед, марг ба ман амон дод.

— Умратон дароз бод ва хаста набошед, Низом Ҳабибуллоевич. Умедворам то 95-солагиатон китобҳои дар нашриётҳо хобидаатон чоп мешаванд ва боз сӯҳбати муфассалтаре хоҳем кард…

— Кошки…

Мусоҳиб:

 Одили Нозир,

«Тоҷикистон» №52, 2016

Маълумотнома

Низом Ҳабибуллоевич Нурҷонов 18 декабри соли 1923 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Олим, этнограф, театршинос, балетшинос, мунаққид ва муаррихи театр, санъатшинос ва педогоги шӯравю ва тоҷик, Доктори илмҳои санъатшиносӣ (1968), профессор (1973), Корманди шоистаи санъати Тоҷикистон (1974), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942-1945).  Низом Ҳабибуллоевич ҳамчунин аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1961), Иттифоқи арбобони театр (1976), ва аъзои Ташкилоти байналмиллалии санъати назди ЮНЕСКО.   Китобҳояш: «Аслӣ Бурҳонов» (1982),  «Гармония музики» (1983), «Таърихи театри советии тоҷик» (1967), «Малика Сабирова» (2001), «Мухаммаҷон Қасимов» (1955), «Дар олами балет» (1975), «Мавриги» (2008) «Олами беканори рақси точик» «2004» ва ғ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *