Оиша Айсун Туран:Хостгории миллионеронро рад кардам!

 

Филмҳое, ки ба Оиша Айсун шуҳрат оварданд:

«Гӯш кунед, ҷанобон!», соли 2001, нақши Гулфем.

«Нобахшанда», соли 2007.

«Ҳақиқати бардурӯғ», соли 2007.

«Оси», соли 2009, нақши Лало.

«Тирамоҳ», соли 2008, нақши Мерве Петек.

«Садбарги сиёҳ», соли 2013, нақши Ада.

«Азизи хатарнок», соли 2015.

 

Даричаи ошноӣ                         

Оиша Айсин Туран, ҳунарманди боистеъдод ва зеботарин актрисаи синамои турк ба ҳисоб меравад. Оиша 25-уми октябри соли 1992 дар шаҳри Истамбули Туркия ба дунё омадаст. Ин зебосанам дастпарвари Университети санъат ва меъмории шаҳри Истамбул аст, вале меҳри санъат ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар вуҷудаш ҷӯш зада, билохира ӯро ба олами синамо овард.

 

Хандаи бахти донишҷӯ

Дар давраи донишҷӯӣ бахташ хандиду як дӯсташ бо тағобозиҳои зиёд нақши Гулфеморо дар сериали «Слушайте уважаемый» ба Оиша  гирифта дод. Ин силсилафилм соли 2011 ба маърази тамошои мухлисони синамо гузошта шуд. Оиша нақшро ончунон ҷаззоб бозида буд, ки даҳони ҳунармандони касбӣ воз монд. Ин филм Оишаро аз як духтараки одии хоксор ба ситораи умеди ҳазорон-ҳазор ошиқони синамо табдил дода, азизи дили пиру барно гардонд. Бо шарофати ҳамин силсилафилм машҳуртарин киноматографистони кишвар ба ин духтараки парипайкари нозукхиром таваҷҷуҳ зоҳир намуда, минбаъд ӯро ба нақшҳои асосӣ дар филмҳояшон даъват мекардагӣ шуданд. Истеъдоди нодир, маҳорати воло ва ҳусни гулӯсӯзи Оиша харидорони зиёде ёфта, роҳи тақдири ин зебосанамро ба куллӣ дигаргун намуд.

 

                    

Сирри зебосанами чашмкабуд          

Шуҳрати Оиша Айсин Туран баъди филми «Садбарги сиёҳ» ба авҷи аъло расида, бисёриҳо ин зебосанами чашмкабудро бо модели машҳури арсаи ҷаҳонӣ Миранда Керр қиёс мекардагӣ шуданд. Тамошобинони хориҷӣ бошанд, ин зебосанами туркро ба Наталя Орейро қиёс намуда, мегуфтанд: «Табассуми ин паричеҳраи турк аз Наталя ҳам зеботар будааст. Вақте ки механдад, дар бари рӯяш чуқуракҳо пайдо шуда, ба ҳусни зебояш ҳусни тоза зам мекунанд…» Дар ҳақиқат як сирри ба зудӣ ба дилҳо роҳ ёфтани Оиша истеъдодаш бошад, сирри дигари комёбии ин зебосанами ҳунарманд табассуми малеҳи бисёр зебандааш аст. Вақте ки Оиша механдад, дар чеҳрааш нури аҷибе пайдо шуда, ӯро ба ҳурони биҳиштӣ шабеҳ месозад.

 

Адда телех дорад?

Оиша нақши Аддаро дар сериали «Садбарги сиёҳ» чунон олӣ бозид, ки ҳазорон-ҳазор ҷавонмардон ошиқи зораш гашта, мисли соя аз пасаш мегаштагӣ шуданд. Аз дасти ин ошиқони хира духтарак ҳатто наметавонист танҳо ба кӯча барояд. Ҳамин, ки аз дари хонааш қадам ба берун ниҳод, ошиқони ҳусну ҷамолаш аз пасаш қатор шуда, бо хоҳишу дархостҳои беҳисобашон ҷони ӯро ба лабаш мерасониданд. Яке мехост Оиша бо ӯ сурат бигирад, дигарӣ соядаст мепурсид, саввумӣ бе ибо ӯро ба сайри ҷаҳон таклиф мекарду чорумӣ хостгор фиристоданӣ мешуд. Оиша ҷонбезор шуда «телех» гирифт, вале муҳофизон ҳам натавонистанд ошиқони хираро аз сари роҳи ин одамизодаи дар ҳусну ҷамол рашки париёнро оварда дур созанд. Сари ҳар қадам касе ба Оиша изҳори муҳаббат намуда, дилашро рӯйи кафҳои нозуки ин зебосанами машҳур гузоштан мехост, вале…

Ишқи коргардон

Баъди ба охир расидани сериали «Садбарги сиёҳ» коргардон Озҷан Дениз Оишаро ба филми наваш «Азизи хатарнок» даъват кард. Бисёриҳо гумон доштанд, ки Озҷан аз ҳисоби ин ҳунарманди серхаридор пули калон кор кардан мехоҳад, вале дар асл чунин набуд. Озҷан Денизро на маҳорати воло, балки ҳусну оламсӯзи Оиша мафтун гардонида буд. Коргардон бори аввал дар умраш аз сидқи дил ошиқ шуда буд-ошиқи зор ва мехост бо баҳонаи сабти филм ҳар рӯз бо маликаи орзуҳояш дидор бубинад. Озҷан тайёр буд тамоми дороияшро пеши пойи ин нозанин рехта, дили ӯро ба даст оварад. вале духтарак ошиқони зиёде дошту роҳ ёфтан ба қалби сангинаш басо душвору дандоншикан менамуд.

Ошиқи пир надорад….

Озҷан бо ҷону дил харидори ҳусну ҷамоли бемисоли Оиша бошад ҳам, ақлаш ҳеҷ  бовар намекард, ки ҳамин қадар бачаҳои ҷавони пулдорро монда, ин зебосанам ишқи ӯро қабул мекунад, аммо баъзан тақдир ба инсон туҳфаҳои ногаҳонӣ медиҳад. Сарнавишт ба ин коргардони ошиқ низ чунин туҳфаи бемислро тақдим намуд. Ҳангоми наворгирии филми «Азизи хатарнок» Оиша ба Озҷан мароқ зоҳир намуда, оҳиста-оҳиста дарди дилашро ба коргардон мегуфтагӣ шуд. Суҳбатҳои онҳо аввал дӯстона буданд, вале баъд торафт ба ҳамдигар наздиктар шудан гирифтанд ва билохира маликаи орзуҳои ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони турк дилашро рӯйи кафи коргардони пир ниҳод. Қиссаи ишқи Оиша ва Озҷан ба зудӣ вирди забони гуруҳи эҷодӣ гашта, ҳамкасбонашон ҳар як қадами ин ду дилдодаро назорат мекардагӣ шуданд. Мардҳо ба Озҷан ҳасад мебурданд, ки чунин чӯҷаи парӣ насибаш гаштааст, занҳо бошанд, Оишаро бадгӯӣ мекарданд, ки ҳамин қадар бойбачаҳоро монда, бо як марди ба падараш баробар, ки зану фарзандони баркамол дорад, мегардад…

Оиша кай арӯс мешавад?

Айни ҳол Оиша Айшин муҷаррад аст. Моҳе нест, ки ягон бойбачаи дар пул ғутта зада ба ин парии чашмкабуд изҳори муҳаббат ва пешниҳоди хонадоршавӣ накунад, вале Оиша ба хотири муҳаббати бузурге, ки нисбат ба коргардони пир дорад, ба ҳама хостгорон ҷавоби рад медиҳад. Зебосанам ба Озҷан дил бохтанашро ҳатто аз рӯзноманигорон пинҳон надошта ошкоро мегӯяд, ки интизори хостгорҳои коргардон аст, вале…

Озҷан Дениз дар тӯли фаъолияти чандинсолааш ҳамчун оҳангсоз, сароянда , сенариянавис ва коргардон дар саросари Туркия машҳур гаштаасту метарсад, ки бо духтари аз худаш 20 сол хурд издивоҷ кардани ӯро мардум нодуруст қабул мекунанд ва обрӯяш коста мегардад. Коргардони пир домони актрисаи ҷавонро бо чормағзи пуч пур карда, ҳар сол ваъдаи тӯйро ба баҳор мегузорад, вале чандин баҳор ҳазон гашту ҳанӯз аз баҳори ишқи ин Лайлию Маҷнуни сонӣ дараке нест…

Мо ба Оиша бахти сафед хоста, умед мебандем, ки ошиқи тарсончакаш ниҳоят ҷуръат пайдо мекунад ва ин арӯси рашки парӣ таги чодари зебои арӯсиро дида ба муроди дилаш мерасад!

 

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

14 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *