Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Паёми табрикотии Дабири кулли СММ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ҳамасола мо Наврӯзро ҳамчун оғози рӯзи нав, фурсати қадамгузорӣ ба соли дигар бо умед ва шодмонӣ қайд менамоем. Мо таҷдиди табиат ва рӯзи аввали баҳорро ҷашн мегирем.

Имсол, барои бисёриҳо, Наврӯз дар як лаҳзаи ғамангез меояд. Короновируси COVID-19 дар саросари ҷаҳон, аз он ҷумла минтақаҳое ки ин ҷашни бостониро қайд мекунанд, паҳн гардидааст. Ман ба онҳое, ки наздикони худро аз даст додаанд тасаллияти амиқи худро баён менамоям ва орзуҳои беҳтарини худро ба тамоми зарардидагон ирсол менамоям.

Умедворам, ки ҷашни Наврӯз барои истироҳат ва вақти хуш доштан бо оилаю наздикон, баҳра бурдан аз зебогии фасли баҳор ва лаҳзаҳои хотирмон бо дар назар доштани арзишҳои умумиинсонӣ фурсати мувофиқе мегардад.
Наврӯз таҷассумгари эҳё шудан аст. Ҳангоми ҷашнгирии он бо афрӯхтани оташ, омода гардонидани хӯрокҳои махсус, ороиш додани масканҳо бо сабза ва риояи дигар расму оинҳо, умедворам, ки шумо ҳисси муштараки дӯстӣ ва ҳамоҳангиро бо табиат дарёфт хоҳед намуд.

Ба шумо Наврӯзи пур аз хушбахтӣ, солимӣ, осоиштагӣ ва шукуфоиро таманно дорам.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.