ПИРӢ АМАКАТ НАМЕШАД! Тӯрахон Аҳмадхонов 87 сола шуд!

Имрӯз зодрӯзи фозили фарзона, актёр ва режиссёри саршинос, драматург, асосгузори жанри парешония ва парешонтарин шоир, аҷибтарину наҷибтарин устод Тӯрахон Аҳмадхонов аст. Эшон мувофиқи ҳуҷҷатҳо 86 ва ба гуфти худашон 87 сола шуданд. 

Ин парешонро ба зодрӯзи эшон мебахшам:

АЗ ВИКИПЕДИЯ:

Тӯрахон Аҳмадхонов (тав. 1 июни соли 1935, деҳаи Шаршар, Данғара, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон. Узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон (1995).

1. Зиндагинома: Аҳмадхонов Тӯрахон соли 1935, дар деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Тӯрахон ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон мебошад. Соли 1960 шуъбаи акёрии Институтити давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав ва соли 1971 курси олии коргардонии Театри марказии тамошобини навраси шаҳри Маскавро хатм намудааст.

2. Фаъолияти корӣ: Ҳунарпешаи Театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1960-70), саркоргардони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон (1972-74).Аз соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

3. Нақшҳо дар театр: Кайковус («Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғайрат Абдулло, Турио («Ду веронагӣ)-и В. Шекспир, Куйбишев («Ҳуррият»-и Ғайрат Абдулло, Хоҷа («Хизматгори ду хоҷа»-и Голдонӣ, Искандар («Мур­даҳо»-и Урдубодӣ), Эраҷ («Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов ва ғайра.

4. Нақшҳо дар кино: «Достони Сиёвуш» (1976), «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна» (1969), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1979), «Буду набуд» (2001, муаллифи филнома), силсилафилмҳои телевизионии «Муҳаббат» (2008), «Беҳуда хорам мекунӣ» (2009) нақшҳо бозидааст.

5. Намоишҳои таҳиякарда: Беҳтарин намоишномаҳои таҳиякардааш: «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор, «Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов, «Баҳори понздаҳум»-и Зак ва Кузнетсов, «Бонги хатар»-и А. Атобоев, «Муаллими рақс»-и Лопе де Вега, «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, «Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер, «Бахтатро бедор кун»-и Н. Бақозода, «Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев, «Ган­ҷи ранҷ», «Чаманзори ваҳдат».

6. Осор: «Олами пурасрор» (1967), «Карим Девона» (1970), «Қиссаи муш ва гурба» (1972), «Ҷӯгидухтар» (1974), «Оилаи аскар» (1975), «Гилеми кабуд» (1979), «Мулки меросӣ» (1980), «Кафшҳои Абул­қосим» (1982), «Бе пир марав» (1984), «Сафар Амиршоев» (1985), «Баҳроми чӯбина» (1995), «Мастӣ-пастӣ»  ва ғайра.

АЗ БАРДОШТҲО:

1. Пирӣ амакат намешад!

Чанд рӯз қабл дар рӯзҳои фестивали “Парасту-2021” бо устод Тӯрахон Аҳмадхонов ва чанд нафари дигар дар тарабхонае як пиёла чой нӯшидем.

Кадоме пурсид:

-Устод, чанд ба рафтед?

-13 сол баъд 100-сола мешавам, — гуфтанд, устод.

-Ваҳ, офарин! Бахудо қоил, бо вуҷуди ин ҷавон менамоед, — илова кард, он нафар.

-Ҷӯра, пирӣ амакат намешад. Бо вуҷуди вазниниҳояш бояд зист. Ҳатто як лаҳза фикри рафтанро кардан набояд. Ва бояд гуфт, зиндагӣ зебост, — бо лаҳни ба худ хос, мегуфтанд, устод.

Ва як сухани аҷиб гуфтанд, ки намедонам шӯхӣ буд ё ҳақиқат:

-Аз панҷ ҳисси зотӣ, ки ҳар инсон дорад, имрӯз фақат як ҳисси ман кор мекунад. Аз кӯдакӣ ман бӯйро ҳис намекунам, набзи ман аз замони таваллуд мунтазам нест (ва номи кадом бемориро гуфтанд), феълан гӯшам нағз намешунавад, лекин бе айнак майдатарин ҳарфро мехонам…

Ба зиндадилии ин нафар қоил шудам.

Бо вуҷуди ин, эшон пайваста кор мекунанд ва спектаклҳои нағзро ба саҳна мегузоранд. Офаринашон!

Мушоҳидаи аввал: Тӯрахон Аҳмадхонов, ки 87 сола шуданд, айни замон калонсолтарин ҳунарманди тоҷикмебошанд, ки кор мекунанд, саҳна мебароянд, пайваста асарҳои ҷолибро ба саҳна мегузоранд ва бо тамошобин ҳастанд. Мушоҳида кардам, ки дар саросари Тоҷикистон дигар ҳамсоли эшон, ки ҳавсалаи кор дошта бошад, нест. Ба энержии эшон ҳасанот. Зелдини рус то синни 101 ба саҳна баромад ва 13 рӯз пеш аз маргаш дар спектакли 3-соатӣ нақши асосиро бозид. Вера Василеваи рус, ки 96 сол дорад, дар ду театр кор мекунад ва моҳе 8-13 нақш мебозад… ба устод Тӯрахон Аҳмадхонов низ чунин фаъолияти мудаввомро орзу дорам.

2. Комсорги гурӯҳ

Тӯрахон Аҳмадхонов ҳамкурси ҳунармандони бузурге чун Ҳошим Гадоев, Марям Исоева, Ҳабибулло Абдураззоқов, Носир Ҳасанов, Қошқарӣ Мирзоев, Фотима Ғуломова, Тамара Абдушукурова… ҳастанд, ки дар санъати тоҷик ҳар яке нақши мунир доранд. Замони таҳсил дар ГИТИС Тӯрахон Аҳмадхонов комсорги ин гуруҳ будаанд. Рӯзи марги Фотима Ғуломова эшон гуфтанд:

-Фотимҷон, зиқ нашав, ман комсоргу сарпарасти гуруҳамон ҳастам ва шуморо танҳо намемонам. Интизор шавед, зиқ нашавед, ман ҳам ба назди шумо меоям, он рӯз дур нест.

Вақте ин ҷумлаҳо садо медоданд, иштирокчиёни маросими дафн фарёдкунон гиря мекарданд.

Ин гиря ба хотири он буд, ки мо банавбат сутунҳои санъати тоҷикро аз даст медодем.

Умри устод Тӯрахон Аҳмадхонов, ки яке аз сутунҳои санъати мо ҳастанд, дароз бод.

Мушоҳидаи дуввум: Вақте бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов суҳбат доштам пурсидам:

-Кӣ аз ҳоли шумо хабар мегирад?

-Гоҳ-гоҳ аз театр меоянд, вале аз ҳама бештар аз ҳоли ман Тӯрахон хабар мегирад… Онҳое, ки хизматашонро ба ҷо овардам, унвон гирифта додам, хона гирифта додам, маро фаромӯш карданд…

АЗ НАҚЛҲО:

Боре устод Тӯрахон Аҳмадхонов нақл карданд:

Соли 1968 дар Ялта машварати драматургон баргузор шуд ва ман ҳам иштирокчии он будам. Машварат бисёр хуб гузашт, драматургони маъруфи рус ба мо дарс мегуфтанд ва навиштаҳои моро баррасӣ мекарданд. Дар ин машварат бо нафарони зиёде шинос шудам, аз ҷумла бо шоири маъруфи ӯзбек Туроб Тӯла…

Хулоса рӯзи охирини машварат эълон карданд:

-Дӯстони азиз, машварат ба анҷом расид, бегоҳ зиёфати калон ороста мешавад. Мо ба қароре омадем, ки мувофиқи табъи дили шумо хӯрок омода кунем. Бинобар ин, ҳар нафар номи ду хӯроки табъи дилашро нависад…

Ҳамин тавр, ҳар яки мо таъоми табъи диламонро навиштем.

Бегоҳӣ вақти зиёфат, яке аз масъулин гуфт:

-Мо ҳар чизе шумо хостед омода кардем, вале ду хӯрокро натавонистем пешкаш намоем. Ҳатто ба ресторанҳои марказӣ телефон кардем, онҳо низ аз чунин таъомҳо хабар надоштаанд. Хӯроки якум Бешбармоқ ва хӯроки дуюм Тӯроб Тӯла…

Садои ханда баланд шуду Туроб Тӯла шарм кард. Вай бечора дар дафтари фармоиш ба ҷойи номи таъоми аввал Бешбармоқ ва ба ҷойи таъоми дуюм номи худашро навиштааст…

Парешонияи Тӯрахония

«Парешония» шеъри ҳаҷв асту мутояба! Асосгузори ин сабк, ин равия, ки пораҳои абёти парешонро дар тӯли ним асри умри пурбаракот дар саҳнаи театру синамо ҳини танаффусҳо барои хушдил кардани ҳампешаҳо навиштааст, ҳунарманди мардумӣ, коргардон ва драмматург Тӯрахон Аҳмадхонов ҳастанд.

Намунаҳо:

Баъди барфи лак-лакӣ

Хуршед ҷамолаш во кард.

Сӯи ту зад чашмакӣ,

Ҷониби ман ниго кард..

Гиряи мард дард дорад,

Гиряи зан ҳам зарур!!!

Дарун хунук,

Берун хунук.

Аз ин хунук,

Гирифт зунук!

Офтобо! Бори дигар хонаро пурнур кун!

Нахустин пораҳои абёти пареши устод Турахон Аҳмадхонов, лабрез аз лутф ва танз дар сабки «парешония» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар охири солҳои ҳаштоди асри 20 дарҷ шуд ва зуд мавриди тақлиду такрори удабои закитабъ ва ҳаҷвнигорон қарор гирифт!

Парешонизми нахустини ӯ, ки вирди забонҳо шуд ин аст:

Ду духтар,

Бари ба бар,

Лаб-лаби ҷар,

Хӯрда кавар,

Ҳамсафаранд:

1-е зебост,

Дигараш афтод ба чуқурӣ!!!»

Боре суол кардам, ки парешония чист?

«- Ҷараёни парешония, ки дӯстони донишмандам баъд аз пажӯҳиши зиёд онро «ҷараёни парешонияи Турахония» ном гузоштанд, кашфиёти камина аст. Сабаби навиштани парешония ин аст, ки ман ашъори анъанавии суннатии клоссикро ҳам намедонам ва ҳам наметавонам дар ин пайравӣ чизе иншо кунам, аз ин рӯ маҷбурам, парешонизм нависам.” – бо ҳазл посух доданд, устод.

Намунаҳои дигар:

Чанги кайҳон рӯи мижгон неву бар комам нишаст

Пас будастам, ки маро ин эътиборе дода шуд!

Ё

Аз синаи абр,

Бо 100 азобу ҷабр

2 фил азми шино бархостанд

1-е ба Африқо..

Дигараш буд калушпӯш

 Парешонияҳои Тӯрахон Аҳмадхоновро фақат худашон зебо хонда метавонанд. Малика Ҷӯрабекова бошад аз муаллиф зеботар мехонад.

Ба худашон гуфтам:

-Устод дар як барномаи телевизионӣ Малика Ҷӯрабекова парешонияҳои шуморо қироат карданд, хеле олӣ. Аз шумо он кас беҳтар мехонанд.

-Аз забону лабони Малика шакар мерезад. Агар ӯ парешонияро ҳам бихонад, асал мешавад, — гуфтанд устод.

ХУЛОСА:

Устод Турахон Аҳмадхонов воқеан, як инсони самимӣ ва заминӣ ҳастанд, ки умри худро сарфи хизмат ба санъату фарҳанги тоҷик карданд. Чун зодрӯзи эшон аст, ин парешонияро навиштам. Орзу дорам, ки 120 солагиашонро чунин серғайрат ва пурэнержӣ ҷашн бигиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *