Посух ба мақолаи “Раиси Деваштич: Иншооти ҷашнӣ баъди истифода таъмирталабанд”

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ба мақолаи “Раиси Деваштич: Иншооти ҷашнӣ баъди истифода таъмирталабанд”, ки 6-уми апрел дар сомонаи Pressa.tj чоп шуда буд, вокуниш кард. Ин вокуниш бидуни таҳрир пешниҳоди хонандагон мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич маълум менамояд, ки гузориш бо номи “Бинои Парчам” аз 06.04.2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Масъала санаи 06.04.2021 дар ҷаласаи назди муовини соҳавии Раиси ноҳия бо иштироки масъулини соҳа, бахши сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия муҳокима гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастурҳо пешниҳод карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки сохтмони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия тавассути Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд “Иншоотсоз”, “Сохтмони Кабир”, “Шаҳрсохтмон” роҳандозӣ карда шуда, ташкилоти истифодабаранда КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия ба ҳисоб меравад.

Мутобиқ ба санади гурӯҳи корӣ санаи 28.12.2020 ҳолати Майдони Парчами давлатӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву нуқсонҳои ошкор гардида бо мусоид омадани боду ҳаво корҳои таъмирӣ-барқарорсозӣ ба роҳ монда мешавад. (Санад замима карда мешавад) Мавриди қайд аст, ки айни ҳол корҳои барқароркунӣ оғоз карда шуда, зери назорати қатъии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дода шудааст.
Ганҷина НУРУЛЛОЗОДА, Муовини Раиси ноҳияи Деваштич

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *