Президент зодрӯзи Каримовро ҷашн гирифт

Дар сартосари Ӯзбекистон рӯзи 30 январ бахшида ба зодрӯзи президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов чорабинӣ барпо шуд.

Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии он кишвар дар шаҳри Тошканд дар пояи ҳайкали Ислом Каримов гул гузошт.

Бино бар як қарори Мирзиёев аз 25 январи соли 2017, дар Ӯзбекистон зодрӯзи Каримов ба таври густарда таҷлил мешавад. Мирзиёев ҳамзамон сари гури Ислом Каримов — ба шаҳри Самарқанд рафт.

Дар Маҷмааи форумҳои шаҳри Самарқанд оши ёдбудӣ дода шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ, оқсақолҳо ва ҷавонон ширкат карданд.

Агар Ислом Каримов зинда мебуд, 30 январ ба синнӣ 81 мерасид. Каримов дар моҳи сентябри соли 2016 дар синни 78 аз сактаи қалб вафот кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *