Прити Зинта Салмон ва Шоҳрухро шарманда кард

Актрисаи шинохтаи Болливуд Прити Зинта, ки дар саросари олам машҳур аст, баъди паҳн гаштани видеороликҳои фаҳш дар сомонаҳои иҷтимоӣ обрӯ ва эътиборашро аз даст дод. Дар сабти видеоие, ки ин ҳафта дар интернет паҳн шуд, ин актрисаи машҳур бо ду ситораи дигари Болливуд Салмон Хон ва Шохрух Хон ишқварзӣ мекунад.

Навори мазкур обрӯи ин ду ҳунармандро, ки натанҳо дар ватанашон Ҳиндустон, балки дар байни аксари сокинони сайёра маҳбубияти бузург доранд, ба хоки сиёҳ яксон намуд. Мардум ба сари ин ду чеҳраи дурахшони Болливуд санги маломат зада, барои чунин бешармӣ ба Шоҳрух ва Салмон лаънат мехонанд.

350

Ситораи №1-и Ҳиндустон Шоҳрух-Хон дар паҳн намудани ин навори фаҳш Салмон-Хонро, ки чанде пештар аз маҳбас озод шуда буд, гунаҳкор намуда аз гиребонаш гирифтааст, вале Салмон даст доштанашро дар ин кор рад карда, мегӯяд ин кори дасти худи Шоҳрух аст.

Моҷарои ду ҳунарманди машҳур аз пушти ин наворҳои касофатбор бо занозанӣ анҷом ёфта, ҳамдигарро зада хуншор кардани Шаҳрух ва Салмон ба мавзӯи №1-и ВАО табдил ёфт. Матбуот ва радиову телевизион аксҳои урён ва саҳнаҳои занозании Шоҳруху Салмонро инъикос намуда, бо хабарҳои пур аз ҳангома ба рӯйи оташи ҷанги ду ҳунарманд равған рехта, моҷарои ин ситораҳои Болливудро торафт тезутундтар месозанд. “Қаҳрамон”-и асосии ин навори фаҳш Прити Зинта бар он назар аст, ки навор ва аксҳоро душманон махсус паҳн намудаанд, то обрӯи ӯро дар байни мардум резонда, Шоҳрух-Хонро бо Салмон-Хон душман гардонанд, зеро дӯстию рафоқати ин ду ситораи дурахшони Болливуд ба манфиати онҳо нест…

 Рустам Азмимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *